Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як корхонаи коркарди пахта дар Мастчоҳ ба коми оташ рафт. АКС, ВИДЕО


Маҳалли сӯхтор. Ноҳияи Мастчоҳ, 25-уми ноябри 2021
Маҳалли сӯхтор. Ноҳияи Мастчоҳ, 25-уми ноябри 2021

Яке аз корхонаҳои калонтарини пахтатозакунӣ дар шимоли Тоҷикистон, ки ба соҳибкор Салим Мирзоев тааллуқ доштааст, ба коми оташ рафт.

Ба қавли шоҳидон, сӯхтор дар корхонаи "Музаффар-Ко" дар ноҳияи Мастчоҳ тақрибан соати 3-и шаби 25-уми ноябр сар зада, барои хомӯш кардани алангаи он соатҳо зарур шуд. Мақомот сабаби сӯхтор ва зиёни расидаро нагуфтанд. Аммо як масъули ҳукумати маҳаллӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки беш аз 1000 тонна пахта сӯхтааст.

Як манбаъ дар Идораи оташнишонии вилояти Суғд гуфт, “ҳудуди 20 мошинро ба ҷойи ҳодиса фиристодем. Ҳудуди сӯхтор тахминан 400 метри мураббаъ аст."

Вақте ба ҷойи ҳодиса рафтем, сокинону деҳқонон ва моликони корхона низ барои камтар шудани талафоти сӯхтор дастбакор буданд. Вале чанде аз онҳо ки худро молики корхона ва деҳқон муаррифӣ карданд, ба кори хабарнигории мо монеа шуданд.

Ҳоло дар Тоҷикистон мавсими ҳосилғундории пахта тақрибан ба охир мерасад ва деҳқононе, ки дар инҷо заҳмати яксолаашонро ҷамъоварӣ карда буданд, қисмати асосии онро оташ ба бод дод.

Маълум нест, ки деҳқонон маблағи пахтаҳои ҷамъовардаи худро гирифта буданд ё не.

Наворро дар инҷо бинед:

Як корхонаи коркарди пахта дар Мастчоҳ ба коми оташ рафт.
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:39 0:00
XS
SM
MD
LG