Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Натиҷаҳои ҳашт рӯзи Олимпиадаи зимистонаи Пекин


Дар Бозиҳои XXIV зимистонаи олимпӣ, ки дар Пекини Чин ҷараён доранд, баъди натиҷагирии ҳашт рӯзи мусобиқот мунтахаби Олмон бо касби 14 медал (8 тилло, 5 нуқра ва 1 биринҷӣ) дар ҳисоби умумидастаӣ бо дарназардошти сифати медалҳо дар ҷойи аввал аст.

Мунтахаби Норвегия бо касби 17 медал (8 тилло, 3 нуқра ва 6 биринҷӣ) мақоми дувумро азони худ кардааст. Зимнан, норвегиҳо аз ҷиҳати теъдоди медалҳо ҷойи аввалро касб кардаанд.

Аз ҳама ҳайати сернуфузтарин дар Олимпиадаи зимистонаи соли 2022 мунтахаби Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мебошад, ки аз 222 варзишгар (114 мард, 108 зан) иборат аст. Варзишгарони ИМА дар ҳамаи 7 намуд барои медалҳо мубориза мебаранд. Баъди натиҷагирии ҳашт рӯзи мусобиқот мунтахаби ИМА бо касби 11 медал (5 тилло, 5 нуқра ва 1 биринҷӣ) мақоми сеюмро соҳиб шудааст.

Дар байни даҳ дастаи мунтахаби пешсаф, инчунин Нидерланд (5 тилло, 4нуқра ва 2 биринҷӣ), Шведсия (5 тилло, 2 нуқра ва 3 биринҷӣ), Австрия (4 тилло, 6 нуқра ва 4 биринҷӣ), Чин (4 тилло, 3 нуқра ва 1 биринҷӣ), Кумитаи олимпии Русия (3 тилло, 4 нуқра ва 6 биринҷӣ), Италия (2 тилло, 5 нуқра ва 4 биринҷӣ), Ҷопон (2 тилло, 3 нуқра ва 5 биринҷӣ) ҷойгир шудаанд.

Зимнан, ба ғайр аз Русия, аз кишварҳои собиқи шӯравӣ мунтахаби Беларус бо як медали нуқра дар ҷойи 21-ум ва мунтахаби Латвия бо як медали биринҷӣ дар ҷойи 24-ум қарор доранд.

Ҳамин тариқ, дар ҳашт рӯзи мусобиқот аз рӯи барномаи Бозиҳо варзишгарони 26 кишвар соҳибони медалҳо гардидаанд, аз он ҷумла намояндагони 20 кишвар медалҳои тилло ба даст овардаанд.

Дар Олимпиадаи Пекин-2022 ҳудуди 3000 варзишгар аз 91 кишвар барои 109 маҷмуи медалҳо дар 7 намуди варзиш (15 равия) то рӯзи 20-уми феврал мубориза мебаранд.

Вале варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои XXIV зимистонаи олимпӣ дар Пекин иштирок надоранд, зеро ки онҳо натавонистанд меъёрҳои олимпиро барои дарёфти роҳхат ба Олимпиадаи соли 2022 иҷро кунанд.

Ба ғайр аз Тоҷикистон, аз байни кишварҳои собиқи шӯравӣ дар Олимпиадаи зимистонаи соли 2022 Туркманистон низ ширкат намеварзад.

Имрӯз, 13-уми феврал, варзишгарон барои ҳафт маҷмуи медалҳо аз рӯи барномаи Олимпиадаи Пекин-2022 мубориза мебаранд. Дар рӯзи нӯҳум мусобиқот оид ба биатлон (занон ва мардон), лижаронии кӯҳӣ (мардон), кёрлинг (занон ва мардон), ҳоккей (мардон), конкитозӣ (мардон ва занон), пойгаи лижатозӣ (мардон), бобслей (мардон ва занон), фристайл (занон) ва шорт-трек (занон ва мардон) доир мегардад.

XS
SM
MD
LG