Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чанд кишвар аз шаҳрвандонашон хостаанд, Украинаро тарк кунанд


Сарбози украинӣ дар наздикии вилояти Донбасс, ки таҳти назорати ошӯбгарони таҳти ҳимояти Русия аст.

Чанде аз кишварҳои дунё аз бими ҳамлаи эҳтимолии Русия ба Украина аз шаҳрвандонашон хостаанд, ки Украинаро тарк кунанд. Амрико, Бритониё, Олмон аз ҷумлаи он кишварҳое ҳастанд, ки ба шаҳрвандонашон тавсия додаанд, ҳарчӣ зудтар аз Украина берун шаванд.

Австралия рӯзи 13-уми феврал гуфт, фаъолиятҳои сафораташ дар Украинаро боздоштааст. Хабаргузории Ройтерс гузориш дод, ки кормандони амрикоии Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо, ки дар Донетск, шаҳри таҳти назорати ошӯбгарони таҳти ҳимояти Русия қарор доштанд, бо мошин аз ин шаҳр берун мераванд. Созмони мазкур ба дархост дар бораи шарҳи ин масъала посух надодааст. Матбуоти Канада гузориш дод, ки кормандони сафорати ин кишвар дар Киевро ба шаҳри Лвов дар марз бо Лаҳистон бурдаанд.

Пештар аз ин талошҳои кишварҳои ғарбӣ, ки аз Русия мехоҳанд, танишҳоро фӯру нишонад, ҳосили ночизе дод. Ҷо Байден, раиси ҷумҳури Амрико дар суҳбати телефонӣ бо Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия гуфтааст, ки таҷовузи Русия ба Украина “боиси ранҷи густурдаи мардум ва таназзули ҷойгоҳи Русия дар ҷаҳон мешавад. Дар баёнияе, ки Кохи Сафед пас аз ин гуфтугӯ дар рӯзи 12-уми феврал нашр кард, омадааст, Ҷо Байден таъкид кард, ки дар сурати ҳамлаи Русия ба Украина Амрикову муттаҳидонаш посухи қотеъ медиҳанд, ки барои Русия “оқибатҳои сангину зуде” хоҳад дошт.

Дар баёнияи ҳамчунин омадааст, Амрико барои фӯру нишондани танишҳо бо Русия, ки 100 ҳазор сарбозу аслиҳаву муҳимоти ҷангиро дар марзи Украина сафарбар кардааст, моил ба дипломатия аст, вале айни замон “ба сенарияҳои дигар омодагӣ гирифтааст.”

Як мақоми баландпояи ҳукумати Амрико ба хабарнигорон гуфтааст, суҳбати телефонӣ, ки тақрибан як сомт идома кард, ҳеч натиҷаи муҳиме барои коҳиши танишҳо дар марзи Украина надодааст. Мақоми амрикоӣ гуфтааст, маълум нест, ки оё Русия моил ба идомаи роҳи дипломатӣ аст ва афзудааст, ки мумкин аст, Русия амалиёти низомиро ба зидди Украина пеш бигирад. Ҳукумати Русия батакрор гуфтааст, ки ҳеч қасди ҳамла ба ин хоки ҳамсояаашро надорад.

Ҳукумати Русия пас аз суҳбати телефонӣ хабар дод, ки Владимир Путин ба Ҷо Байден гуфтааст, ки дар ҷавоби Амрико ба талаботи асосии амниятии Русия, нигарониҳои муҳими амниятии Русия ба инобат гирифта нашудаанд ва Маскав ба ин посухи Амрико ба зудӣ ҷавоб мегӯяд.

Маскав аз кишварҳои ғарбӣ талаб дорад, ки Украина ва дигар кишварҳои собиқи шӯравиро ба узвияти НАТО, Паймони Низомии Атлантики Шимолӣ напазирад, фиристодани аслиҳа ба Украинаро бас кунад ва неруҳояшро аз Аврупои Шарқӣ пас кашад.

Юрий Ушаков, намояндаи ҳукумати Русия гуфтааст, ки “ҳангома дар Ғарб дар бораи таҷовузи Русия ба Украина пуч аст. Ба гуфтаи Ушаков, Байден ба Путин ҳушдор додааст, ки Амрико ба зидди Русия таҳримоти ҷиддӣ эъмол мекунад.

Пеш аз суҳбат бо Ҷо Байден, Владимир Путин бо Эманнуел Макрон, раиси ҷумҳури Фаронса суҳбати телефонӣ дошт. Бино ба хабарҳои мақомоти Кремлин дар ин суҳбат ҳам пешрафти ночизе барои фӯру нишондани танишҳо ба даст омадааст. Дар баёния омадааст, ки хабарҳо дар бораи қасди ҳамлаи Русия ба Украина “иғво” аст.

Бо даъвати кишварҳои ғарбӣ барои тарки Украина, раиси ҷумҳур Володимир Зеленский рӯзи 12-уми феврал бо муроҷиат ба мардум гуфт, ки “ором бимонанд” ва ба воҳима дода нашаванд, чун воҳима “беҳтарин дӯсти душманони мост.”

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG