Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тамрини низомии Русияву Беларус дар наздикии марзи Украина


Рӯзи 10-уми феврал размоишҳои муштараки Беларусу Русия зери унвони "Қатъияти муттаҳидӣ - 2022" шуруъ шуд. Тамрини низомӣ дар Беларус мегузарад.

«Дар размоишҳои даҳрӯза нерӯҳои ду кишвар муқобила бо хушунати эҳтимолии Ғарбу Украина зидди Беларусу Русия ва ҳамчунин мубориза бо ҳамлаҳои террористиро машқ мекунанд,» -- хабар доданд аз Вазорати мудофиаи Русия.

Баргузории размоишҳо аз сӯи президентҳои Русияву Беларус ҳанӯз моҳи декабри соли 2021 тасдиқ шуда буд.

Теъдоди низомиҳо ва техникаи низомӣ, ки дар размоишҳо иштирок мекунанд, дақиқ нест. Танҳо ин нукта маълум аст, ки Русия ба Беларус маҷмаи зиддимушакии С-400 ва техникаи дигар фиристодааст.

Ирсоли низомиҳо ва техникаи Русия ба Беларус нигаронии кишварҳои Ғарб ва Украинаро ба бор овард.

Пештар аз ин расонаҳо навиштанд, ки Русия 70 дар сади бахши аслии нерӯи низомии худро ба марзи Украина бурдааст. Дар ин бора оҷонси “Рейтерз” ва нашрияи “Вашингтон Пост” бо такя ба мақомоти амрикоӣ хабар додаанд.

Ба қавли мусоҳибони расонаҳо дар Хадамоти истихборотии Амрико, шумораи баталйонҳои тактикии Русия дар марз бо Украина ба 83 расидааст, дар ҳоле ки ҳафтаи гузашта ин шумора ба 60 баробар буд. Ҳамзамон 14 гурӯҳи дигар дар роҳ қарор доштаанд. Маълум нест, ки дар ин қатор шумораи низомиёни рус дар Беларус ҳисоб шудаанд ё на.

Дар як баталйони тактикӣ 750 низомӣ қарор дорад. Дар умум, дар марз бо Украина ва Қрими ғасбшуда 100-103 ҳазор нерӯи низомии Русия ҳузур дорад.

Мақомоти Русия борҳо гуфтаанд, ки қасди ҳамла ба Украинаро надоранд ва навиштаҳои матбуотро дурӯғу иғво хондаанд.

Муносибати Украина ва Русия солҳо боз сард аст. Русия соли 2014 Қримро тасарруф кард ва онро қаламрави худ эълон намуд. Дар шарқи Украина миёни ҷудоиталабон ва мақомоти украинӣ ҷанг ҷараён дорад, ки дар он ба дасти Русия ишора мекунанд.

XS
SM
MD
LG