Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нафткашҳои Жанаозени Қазоқистон корпартоӣ мекунанд


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Кормандони ширкати нафти "Бургилау" 9-уми феврал дар шаҳри Жанаозени Қазоқистон даст ба корпартоӣ заданд. Онҳо ба корфармои худ даҳ талаб, аз ҷумла беҳтар кардани шароти кориро гузоштаанд.

Бахши қазоқии Радиои Озодӣ бо истинод ба яке аз кормандони ширкат Бауирҷон Абубакиров рӯзи чоршанбе хабар дод, ки "корҳои пармакунӣ пурра қатъ шудааст". Ба гуфтаи ӯ, дар истгоҳе, ки кормандон корпартоӣ мекунанд, ҳудуди 400-500 кас ҷамъ шудааст.

"Дар ширкат ҳудуди 2000 нафар дар чор баст кор мекунанд. Кормандони як баст пурра корпартоӣ кардаанд ва интизор меравад, кормандони дигар низ ба эътирозгарон пайванданд", - афзуд вай.

Кормандон мегӯянд, мудири ширкат Дуйсенбай Таушаев ҳамроҳи ҳуқуқшиносе ба назди онҳо рафта, талош кардааст, онҳоро дубора ба маҳалли кор баргардонад.

Эътирозгарон аз раҳбарияти ширкат талаб доранд, ки пули соатҳои иловагии кор ва ҷуброни нафиристодани кудакон ба лагер пардохт шавад.

Дар Жанаозен ин моҳ бори чандум аст, ки сокинон тазоҳурот мекунанд. Садҳо сокини шаҳр беш аз як ҳафта дар назди бинои шаҳрдорӣ бо талаби ҷои кор таҷаммуъ карда буданд.

XS
SM
MD
LG