Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қатъи интиқоли газ ба се вилояти водии Фарғона


Интиқоли газ ба нуқтаҳои газфурӯшии вилоятҳои Фарғона, Андиҷон ва Намангони Узбекистон аз 9-уми феврал қатъ шуд.

Намояндаи ширкати "Ҳудудгазтаминот", ки масъули тақсимоти гази табиӣ дар Узбекистон аст, ба расонаҳои мустақил гуфтааст, ҳанӯз маълум нест, интиқоли газ ба вилоятҳои мазкур кай аз сар гирифта мешавад.

Ба гуфтаи намояндаи ширкат, интиқоли газ барои он қатъ мешавад, ки дар ҳоли ҳозир корҳо барои баланд кардани фишори он идома доранд.

Вазорати энержии Узбекистон 25 январ, ду рӯз баъд аз қатъ шудани нерӯи барқ дар он кишвар хабар дода буд, ки дар бештари ноҳияҳо нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ дубора ба кор даромаданд.

XS
SM
MD
LG