Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирозгарони Қазоқистон ба кор баргаштанд


Мангистау, 8-уми феврали 2022
Мангистау, 8-уми феврали 2022

Ширкати "Қазатомпром" дар вилояти Мангистауи Қазоқистон хабар дод, ки коргарон баъди чанд рӯзи корпартоӣ дубора ба кор баргаштанд. Ширкатдорони корпартоӣ шоми 8-уми феврал пароканда шудаанд.

"Масоили аз сӯи коргарон матраҳшударо наметавон дар як рӯз ҳал кард. Дар оянда дар якҷоягӣ бо вазорати энержии Қазоқистон, ҳокими вилояти Мангистау ин масъаларо ҳал хоҳем кард. Дар ҳоли ҳозир масъала афзудани моҳона баррасӣ мешавад", - гуфт мудири "Қазатомпром" Талгат Есентугелов.

Аммо баъзе аз коргарон мегӯянд, онҳоро бо роҳи фиреб ба кор баргардонидаанд.

Рӯзи 7-уми феврал наздик ба ҳазор коргари ширкат ба эътироз баромаданд. Онҳо афзоиши 70-дарсадии маош ва беҳсозии шароити кориро талаб доштанд.

"Қазатомпром" сокинони вилоят ва ширкатҳои Мангистауро бо барқу об таъмин мекунад. Дар ин ширкат то 3,6 кас кор мекунад.

XS
SM
MD
LG