Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Cагҳои дайдуро дар Ишқобод бо ёрии кӯдакон "шикор" мекунанд


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Мақомоти шаҳри Ишқободи Туркманистон аз байн бурдани сагҳову гурбаҳои дайдуро сахттар карда, ба иттилои сокинон, барои ин кор кӯдаконро низ ҷалб намудаанд.

Маҳвсозии сагҳову гурбаҳо дар шаҳри Ишқобод дар ҳолест, ки дар он шаҳр ба зудӣ анҷумани Маслиҳати Халқӣ баргузор мешавад. Мақомоти Ишқобод ду ҳафта аст, ки маҳвсозии сагҳову гурбаҳои дайдуро сахттар кардаанд.

"Кӯдакон дар ивази 5 манат дар дастгир кардани сагҳову гурбаҳо ширкат мекунанд", - гуфт як сокини Ишқобод ба бахши туркмании Радиои Озодӣ.

XS
SM
MD
LG