Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch) аз Қазоқистон хостааст, ба таҳқиқи ҳодисаҳои моҳи январ дар ин кишвари Осиёи Марказӣ коршиносони байнулмилалиро роҳ бидиҳад. Изҳороти созмон пас аз мулоқоти роҳбараш Кеннет Рот бо вазири корҳои хориҷии Қазоқистон Мухтор Тлеубердӣ нашр шуд.
Ин дар ҳолест, Додситонии кулли Қазоқистон дархости эъломи ному насаби шаҳрвандонеро рад кард, ки дар натиҷаи ҳодисаҳои моҳи январ дар он кишвар ҷон бохтаанд.
"Додситонии кулли Қазоқистон 15-уми январ аз кушта шудани 225 кас дар натиҷаи ҳодисаҳои моҳи январ хабар дода буд. Маълумоти иловагӣ дар бораи кушташудаҳо бар асоси банди 201-и Кодекси ҷиноӣ дар ҳоли ҳозир ошкор карда намешавад," -- омадааст дар посухи додситонӣ ба дархости раҳбари бунёди "Ар.Рух.Хак" Бахтжан Торегожин. Посухи додситониро 8-уми феврал дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр карданд.
Бино ба иттилои расмӣ, дар натиҷаи бетартибиҳои аввали моҳи январ дар Қазоқистон 225 кас, аз ҷумла 19 низомӣ кушта шудаанд. Мақомот як қисми кушташудаҳоро "ҷангҷӯён" номиданд. Шумори дақиқи сокинони кушташудаи осоишта эълом карда намешавад.
"Ар.Рух.Хак" ва фаъолони маданӣ, ки бо ҷамъоварии иттилоъ машғул ҳастанд, шахсияти 173 қурбонии ҳаводиси январро эълом карданд.
Фаъолони маданӣ ва ҳомиёни ҳуқуқ борҳо аз мақомоти Қазоқистон даъват карданд, ки рӯйхати кушташудаҳоро нашр кунанд.