Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сиёсатмадори узбек суханҳои Лукашенкоро дар бораи "иттиҳоди нав" танқид кард


Алишер Қодиров, раиси Ҳизби "Миллий тикланиш"-и Узбекистон.
Алишер Қодиров, раиси Ҳизби "Миллий тикланиш"-и Узбекистон.

Раиси Ҳизби "Миллий тикланиш"-и Узбекистон Алишер Қодиров ба суханҳои президенти Белорус Александр Лукашенко, ки гуфт, "кишварҳои пасошӯравӣ бо шумули Узбекистон баъди 15 сол маҷбур мешаванд, дар атрофи Русия ҷамъ шуда, иттиҳоди наверо ташкил кунанд, вокуниш нишон дод.

Ба назари Қодиров, "таърих нишон додааст, давлатҳое, ки бо таҳдиду зуроварӣ ташкил мешаванд, зуд пош мехӯранд".

"Ин нақшаҳо ба эҳтимоли зиёд, вокуниши баръакс дода, дар минтақаҳое, ки мехоҳанд, империяи шӯравиро дубора таъсис диҳанд, давлатҳои нав ташкил мекунад. Албатта, ин метавонад боиси ларзиши ҷиддии иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар минтақа низ шавад", - изҳор дошт Қодиров.

Лукашенко суханҳояшро дар суҳбат бо рӯзноманигори рус Владимир Соловев баён дошта буд.

Лукашенко қаблан низ, 10 январ дар ҷараёни саммити онлайнии раҳбарони кишварҳои Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ гуфта буд, "нерӯҳое, ки дар Қазоқистон бетартибӣ ташкил карданд, акнун Узбекистонро ҳадаф қарор додаанд". Ӯ Тошкандро ҳушдор дод, ки аз ҳаводиси Қазоқистон "дарси ибрат бигирад". Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев ҳушдори ӯро "беасос" номид.

XS
SM
MD
LG