Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

10 миллион доллар – барои ёфтани раҳбари ДОИШ дар Афғонистон


Наздикии фурудгоҳи Кобул, моҳи августи 2021
Наздикии фурудгоҳи Кобул, моҳи августи 2021

Иёлоти Муттаҳида барои шиносоӣ ва ёфтани раҳбари гурӯҳи “Давлати исломӣ” (ДОИШ) дар Афғонистон 10 миллион доллар ҷоиза таъин кардааст.

Департаменти давлатии Амрико мегӯяд, барои маълумот дар мавриди бомбгузории маргталабона дар назди фурудгоҳи Кобул низ даҳ миллион доллар медиҳанд. Дар ин ҳамла дар моҳи августи соли 2021 дастикам 173 нафар, аз ҷумла 13 сарбози амрикоӣ, кушта шуданд.

Масъулияти ҳамларо шохаи “Хуросон”-и ДОИШ дар Афғонистон ба уҳда гирифтааст.

Иёлоти Муттаҳида Саноуллоҳ Ғаффорӣ, машҳур бо номи Шаҳоб ал-Муҳоҷирро раҳбари шохаи “Хуросон”-и ДОИШ медонад. Вазорати корҳои хориҷии Амрико мегӯяд, Ғаффорӣ моҳи июни соли 2020 ба ин мақом интихоб шуда, масъули ҷалби сармоя ва амалиёти гуруҳ дар саросари Афғонистон аст.

Департаменти давлатӣ Ғаффорӣ ва ду раҳбари дигари гурӯҳи тундравро дар Афғонистон “террористони ҷаҳонӣ” номидааст.

Пентагон ё Вазорати дифои Амрико ҳафтаи гузашта гуфт, ки таҳқиқотро дар бораи бомбгузории маргталабона дар фурудгоҳи Кобул ба поён расонд. Мақомоти низомии Амрико гуфтанд, ин ҳамларо як бомбгузор анҷом додааст.

Аз бомбгузор Абдураҳмон ал-Лугарӣ ном мебаранд, ки пас аз ба қудрат расидани Толибон дар моҳи августи соли 2021 аз зиндон раҳо шудааст.

XS
SM
MD
LG