Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гумруки Узбекистон гуфт, аз кушишҳои қочоқи силоҳ ба ин кишвар пешгирӣ кардааст


Кумитаи гумруки Узбекистон мегӯяд, дар вилоятҳои Тошканд ва Фарғона аз кушишҳои ғайриқонунӣ ворид кардани силоҳу лавозимоти ҷангӣ пешгирӣ кардааст. Аммо хадамоти матбуотии кумита дақиқ нагуфтааст, ки ҳолатҳои кушиши қочоқи силоҳ кай рух додааст.

Ба огаҳии кумита, кормандони гумрук дар гузаргоҳи марзӣ бо Қазоқистон -- "Гишткуприк" аз дохили мошини навъи "Toyota Land Cruiser" тапончаи пневматикӣ ва 310 дона тири онро дарёфт ва мусодира кардаанд.

Дар гузаргоҳи "С.Наҷжимов"-и вилояти Тошканд низ аз дохили мошин силоҳи пневматикӣ ва 243 дона тир пайдо шудааст.

Кормандони гумруки Узбекистон дар фурудгоҳи вилояти Фарғона аз бағочи як мусофир силоҳи шикориеро пайдо кардаанд, ки бидуни санади лозимӣ интиқол дода мешуд.

XS
SM
MD
LG