Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистонро барои боздошти Амриддин Аловатшоев танқид карданд


Амриддин Аловатшоев
Амриддин Аловатшоев

Эътилофи созмонҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа ва Ҳамкории байналмилалӣ барои ҳуқуқи инсон (IPHR) дар як изҳорот аз он нигаронӣ карданд, ки Амриддин Аловатшоев “зери хатари шиканҷа қарор дорад.”

Ба қавли пайвандонаш, Аловатшоевро 11-уми январи имсол дар Белгород дастгир карда, сипас ба Тоҷикистон овардаанд. Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 2-юми феврал гуфт, ки "ӯ истирдод шуд". Вазорати корҳои дохилӣ иддао кард, ки "бо хоҳиши худ баргашт".

Амриддин Аловатшоев, яке аз чеҳраҳои бонуфуз дар байни ҷавонони Бадахшон дар Маскав моҳи гузашта дар Душанбе боздошт шуд. Додситонии кулл гуфт, Амриддин Аловатшоев бо дархости мақомоти Тоҷикистон дар Русия дастгир ва ба Душанбе истирдод шуд. Аммо Вазири корҳои дохилӣ гуфт, Аловатшоев худаш ба Тоҷикистон баргаштааст.

Масъулини Эътилофи зидди шиканҷа ва Ҳамкории байналмилалӣ барои ҳуқуқи инсон рӯзи 7-уми феврал аз он нигаронӣ кардаанд, ки “Амриддин Аловатшоев баъди маҷбуран аз Русия овардан, метавонад зери хатари воқеии шиканҷа ва бадрафторӣ, мурофиаи ноодилона ва дигар ҳолатҳои нақзи ҳуқуқи башар қарор гирад.”

Нигаронии ҳомиёни ҳуқуқро ин чиз зиёд кардааст, ки сарфи назар аз хабари расонаҳо дар бораи ғайб задани Амриддин Аловатшоев, мақомот аз рӯзи 11-уми январ то 2-юми феврал дар бораи боздошти Аловатшоев ягон маълумот надоданд.

“Дар вақти омода кардани ин изҳорот, макони будубоши Аловатшоев ва аз ҷониби кадом мақомот боздошт шудани ӯ маълум нест. Ҳамчунин рӯшан нест, ки мақомот бар асоси кадом далелҳо нисбати ӯ айб эълон кардаанд,”-омадааст дар изҳороти ҳомиёни ҳуқуқ.

Дидбони ҳуқуқи башар низ рӯзи 7-уми феврал дар баёнияе аз мақомоти тоҷик хостааст, ки дастрасӣ ба интернет дар вилояти Бадахшонро фавран барқарор кунанд ва парвандаи Амриддин Аловатшоевро одилона таҳқиқ кунанд.

Дидбони ҳуқуқи башар аз мақомоти тоҷик хостаанд, ки макони боздошти ӯро ифшо кунанд ва дастрасӣ ба адвокатро барояш фароҳам кунанд.

Мақомот ба ин изҳороти ҳомиёни ҳуқуқ вокуниш накардаанд. Рӯзи 2-юми феврал Юсуф Раҳмон, додситони кулл ва ҳам Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилӣ дар нишастҳои ҷудогона боздошти Амриддин Аловатшоевро тасдиқ карданд. Аммо ин ду мақомдор бо зикри “тафтиши парванда идома дорад” дигар ҳеч ҷузъиёте надоданд. То ҳол маълум нест, ки Аловатшоев ба вакили дифоъ таъмин аст ё не. Наздиконаш мегӯянд, бори ахир бо ӯ рӯзи 11-уми январ тамос доштанд.

Эътилофи созмонҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа ва Ҳамкории байналмилалӣ барои ҳуқуқи инсон гуфтаанд, бо наздикон алоқа надоштани Аловатоев ӯро “зери хавфи баланди шиканҷа” қарор додааст. Ба ин хотир, ҳомиёни ҳуқуқ аз мақомоти тоҷик даъват кардаанд, ки дар бораи ҷойи нигоҳдорӣ ва вазъи саломатии Амриддин Аловатшоев маълумот дода, дастрасии ӯро ба вакили дифоъ ва тамос бо хешовандон таъмин кунанд.

Амриддин Аловатшоевро пас аз он боздошт карданд, ки дар тазоҳуроти зодагони ВМКБ дар назди сафорати Тоҷикистон дар Маскав ширкат кард. Зодагони Бадахшон дар робита ба ҳодисаҳои охири моҳи ноябр дар назди сафорат эътироз карданд.

XS
SM
MD
LG