Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гурези вазирони тоҷик аз суолҳои "вазнин". Рӯзи "таърихӣ"-и хабарнигорон чӣ гуна гузашт? ВИДЕО


Бо вуҷуди норозигиҳо, нишасти хабарии 13 мансабдори баландпояи тоҷик дар як рӯз, 2-юми феврал, баргузор шуд. Иддае дар шабакаҳои иҷтимоӣ журналистони тоҷикро ба "человек паук" монанд карданд, ки бояд ба ҳама чиз ва дар вақташ бирасанд, аммо нашуд.

"Маҷбур шудем, ба чанд нишаст наравем"

Муллораҷаб Юсуфӣ, хабарнигори Радиои Озодӣ дар Душанбе, он рӯз ба 3 нишасти хабарӣ рафт, аммо аз баҳри чанд суҳбати дигар гузашт. "Дар як соат 5 ниҳоди муҳим нишасти хабарӣ баргузор карданд. Баъзе аз журналистон ва мо низ маҷбур шудем, ба чанде аз нишастҳо наравем. Имкон надоштем," – ба ёд овард ӯ.

Барои Алишер Зарифӣ, ҳамкори дигари мо, рӯзи 2-юми феврал, ба истилоҳ, "рӯзи дав" буд. Вай яке аз журналистони камшуморе буд, ки ба нишасти додситони кул, Юсуф Раҳмон, расид. "Дар ҳамин соат дар ниҳодҳои дигар ҳам нишасти хабарӣ буд. Ҳузури ками журналистон ба назар мерасид. Нишаст ҳамагӣ 14-15 дақиқа давом кард ва танҳо аз ду расона суол доданд," – мегӯяд ӯ.

Дар бинои Додситонии кул имкони пахши мустақим набуд. Телефонҳои мобилӣ кор намекарданд, то журналистон хабарҳоро зудтар бирасонанд. Рӯзноманигорон ин тарзи рафторро "гурези вазирон" аз суолҳои "вазнин" донистанд.

Наворро дар инҷо бинед:

Вазирону раисони тоҷик ба хабарнигорон чӣ гуфтанд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:23 0:00

Суол ба зидди суол

Баъзе аз вазирону раисон ба ҷойи посух додан бо суол ба хабарнигорон "ҳамла" мекарданд. Дар нишасти хабарии вазири корҳои дохилӣ, Рамазон Раҳимзода, пурсишу посух дар бораи ҳодисаҳои Хоруғ чунин сурат гирифт:

  • Вазир: Кӣ арз кард, номи арзкардагиро бигӯ? Номашро гӯ, биё, мон.
  • Хабарнигор: Дар навори видеоӣ ҳаст.
  • Вазир: Биёр нишон деҳ, ки бинам кӣ аст.
  • Хабарнигор: Адвокат гуфт.
  • Вазир: Марҳамат, кӣ аст адвокат? Ин гап хато аст, худат набоф, бошад, нишон деҳ.
  • Хабарнигор: Ҳама дидаанд, ҷаноби вазир.

Нишасти матбуотии Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Додгоҳи олӣ, низ аз чунин пурсишу посух холӣ набуд. Хабарнигорон аз баста будани дари додрасҳо шикоят карданд ва ин гапҳоро шуниданд:

  • Раиси Додгоҳи олӣ: Шумо ба назди Суди олӣ наомадед.
  • Хабарнигор: Додгоҳи Душанбе зертобеи Суди олӣ аст.
  • Раиси Додгоҳи олӣ: Зертобеи Суди олӣ аст, аммо Шумо ҳозир ҳамин хел суол гузоштед, ки гуё ба Суди олӣ омадеду мо иҷоза надодем.

Ҳисобот - 40 дақиқа

Журналистон, ки шитоб доштанд, аз 40 дақиқа ҳисобот хондани баъзе аз вазирон, аз ҷумла вазири корҳои хориҷӣ, нороҳат шуданд. Иршод Сулаймонӣ, муҳаррири сомонаи тоҷикии "Азия-Плюс", мегӯяд, "Вазорати корҳои хориҷӣ, як ниҳоди муҳим, маҳдудият гузошта буд, ки як хабарнигор ҳаққи аз як суол зиёд пурсидан надорад. Суоли баъзе аз хабарнигорон нопурсида монду вазир нишастро ҷамъбаст кард. Умед дорем, дар оянда такрор нашавад."

Хабарнигорон дар минтақаҳо низ ҳамин ҳолро доштанд. Онҳо аз раиси Идораи зиддифасод дар Кӯлоб, Ҷамшед Гулаҳмадзода, хостанд, ба суолҳо посухи дақиқ бидиҳад. Ӯ дар ҷавоб гуфт: "Ба саволҳое, ки худат додаӣ, маҷбурам, ҷавоби зиёд диҳам. Саволи худат мушаххас нест. 17 хоҷагии деҳқониро бояд ҳисобот диҳам-а? Саволро мушаххас диҳед."

Ӯ, баръакс, аз ҳамкорӣ накардани хабарнигорон бо мансабдорон шикоят кард: "Худат намояндаи ВАО ин қадар маълумот доштаӣ, наомадӣ бигӯӣ, ки фалон одамро маблағашро гирифтанд. Ана ҳамкорӣ. Ман доғ будам. Ҳатто «сиёҳ» ҳам кардед. Бачаи яктоатро аскарӣ бурданӣ буданд, то куҷоҳо навиштед. Чаро бачаи журналист бояд ба хидмат наравад?"

"Кори хато буд"

Пеш аз баргузории нишастҳо журналситон аз мақомот хоста буданд, тасмими худро дигар кунанд. Вале мақомот аз ройи худ нагаштанд, рӯзи 2-юми феврал 13 нишаст дар байни 4 соат баргузор шуд. Журналистон ин тасмимро як навъ фишор болои расонаҳо донистанд.

Ба қавли Иршод Сулаймонӣ, "ин як кори хато буд. Дар як рӯз нишасти матбуотии 13 ниҳод ва ниҳодҳои хеле муҳим кори хеле ғалат буд. Ин дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон расона зиёд нест ва онҳо ҳам шумораи зиёди коргар надоранд. Фикр мекунам, як кори огоҳона буд. Мехостанд, суолҳое, ки журналистон медиҳанд ва посухҳое, ки мегиранд, камтар бошад."

Дар шароите, ки гирифтани иттилоъ аз ниҳодҳои давлатӣ мушкил шудааст, нишастҳои хабарӣ дар 6 моҳ як бор василаи муҳими дарёфти маълумот дар Тоҷикистон гуфта мешавад. Ба қавли хабарнигорон, ин таҷрибаи нодир ва нек дар қаламрави кишварҳои пасошӯравиро ахиран ба як расмиёти нозарур табдил доданд.

Мақомот танқидҳоро дар бораи шеваи баргузории нишастҳои хабарӣ борҳо рад карда, гуфтаанд, дар ин вохӯриҳо ба суолҳои рӯзноманигорон посухи дақиқ медиҳанд. Дар як вақт баъзе ниҳодҳо аз рӯзноманигорон интиқод мекунанд, ки ба нишастҳо бе омодагӣ ҳозир мешаванд. Вале мунтақидон мегӯянд, ба ин шева гузарондани нишастҳо, танҳо талафи вақт барои худи мақомот ва рӯзноманигорон аст.

Шарҳҳоро бинед (16)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG