Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шоҳиён гуфт, ки чаро Иззат Амон афв нашуд


Иззат Амон
Иззат Амон

Раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон гуфт, ки чаро қонуни нави афв нисбати Иззат Амон, ҳомии зиндонии ҳуқуқи муҳоҷирон, татбиқ нашуд.

Шермуҳаммади Шоҳиён рӯзи 2-юми феврал дар нишасти матбуотӣ гуфт, “Иззат Амон то замони эълони ҳукм зарарро пурра пардохт накард” ва бинобар ин дар ҳабс монд.

Ба пурсиши батакрори хабарнигорон, ки Иззат Амон чӣ қадар қарздор мондааст, Шоҳиён посухи дақиқ надод, вале айни замон афзуд, “ман намедонам, инаш муҳим нест, қаллобӣ кардааст, мардумро фиреб кардааст.”

Пештар Муҳаммадюсуф Холов, писари Иззат Амон, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд, ки падарашро барои пардохта натавонистани 220 сомонии як даъвогар зиндонӣ карданд. Вай гуфта буд, омода буданд, ин маблағро бипардозанд, аммо даъвогарро дар ҳеч ҷой наёфтанд.

Додгоҳи шаҳри Душанбе моҳи октябри соли 2021 Иззат Амонро ба 9 сол зиндон маҳкум кард. Парвандаи ӯ бар асоси "қаллобӣ ба миқдори махсусан калон" баррасӣ шуд.

Иззат Амон, раиси созмони "Маркази тоҷикон" дар Маскав, рӯзи 25-уми марти имсол аз шаҳрвандии Русия маҳрум ва аз қаламрави ин кишвар ронда шуд. Пас аз як рӯзи он мақомоти Тоҷикистон аз боздошти ӯ дар Душанбе хабар доданд.

Тарафдоронаш бовар доранд, боздошти Иззат Амон ва иттиҳоми ба зидди ӯ дар асл дорои ангезаҳои сиёсӣ буда, ба танқидҳояш аз ҳукумати Тоҷикистон рабт мегирад. Ӯ дар баробари кумаки ҳуқуқӣ ба муҳоҷирон дар Русия, дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ фаъол буд ва баъзе аз сиёсатҳои ҳукумати Тоҷикистонро зери тозиёнаи танқид мегирифт.

XS
SM
MD
LG