Як гуруҳ аз сарбозони Амрико рӯзи 5-уми феврал ба пойгоҳи низомие дар ҷанубу шарқи Лаҳистон (Полша) ворид шуданд.
Ин дар ҳолест, ки бо омодагии низомии Русия дар сарҳад бо Украина, танишҳо дар минтақа афзоиш ёфтааст.
Вашингтон дар ҳафтаи гузашта эълон кард, ки тақрибан 3000 нерӯи иловагиро ба Полша ва Руминия мефиристад, то Аврупои Шарқиро дар баробари оқибатҳои эҳтимолии буҳрони Украина ҳифозат кунанд.
Русия беш аз сад ҳазор сарбози омодаи ҷанг ва таҷҳизоти сангинро дар наздикии марзи Украина ва нимҷазираи ишғолшудаи Қрим ҷойгир кардааст, ки ба бовари Амрико метавонад, омодагӣ барои ҳамла бошад.
Иёлоти Муттаҳида ва шарикони аврупоияш ба Русия ҳушдор додаанд, ки дар сурати ҳамла ба Украина, муҷозоти шадиди иқтисодӣ хоҳад шуд.