Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

27 август дар Кобул чӣ гузашт? Натиҷаи таҳқиқот маълум шуд


Таҳқиқоти мақомоти низомии Амрико дар бораи ҳамлаи соли гузашта дар Фурудгоҳи Кобул нишон додааст, ки бомбгузори маргталаб ба танҳоӣ амал карда, кушта шудани беш аз 170 афғонистонӣ ва 13 сарбози амрикоӣ "қобили пешгирӣ набуд".

Ҳодиса 26-уми августи соли 2021 дар наздикии Фурудгоҳи Кобул, ҳангоми берун рафтани нерӯҳои Эътилофи низомии таҳти раҳбарии Амрико аз Афғонистон, рӯй дод.

Бомба дар назди яке аз дарвозаҳои фурудгоҳ дар ҳоле мунфаҷир шуд, ки ҳазорон нафар мехостанд, вориди майдони ҳавоӣ шаванд.

Он шабу рӯз ҳазорҳо шаҳрванди Афғонистон аз тарси Толибон, ки дигарбора қудратро ба даст гирифта буданд, қасди фирор аз кишварро доштанд.

Ба гузориши хабаргузории "Ассошиэйтед Пресс", бар асоси таҳқиқот, ҳамлавари интиҳорӣ бо худ беш аз 9 кило маводи тарканда доштааст.

Шохаи "Хуросон"-и гуруҳи тундрави "Давлати исломӣ" ё ДОИШ масъулияти ҳамларо ба уҳда гирифт.

XS
SM
MD
LG