Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додситонии Қирғизистон хабарнигорони Kaktus.media-ро ба бозпурсӣ даъват кард


Ба иттилои сомонаи Kaktus.media, рӯзи 3-юми феврал 6 хабарнигори ин расона ба бозпурсӣ даъват шудаанд. Идораи расона мегӯяд, хабарнигорони боқимонда дар рӯзҳои дигар бозпурсӣ хоҳанд шуд ва онҳое ҳам, ки бозпурсӣ шудаанд, забонхати ошкор накардани ҷузъиёти бозпурсиро додаанд. Пештар сармуҳаррири сомонаи Kaktus.media ба додситонӣ даъват шуда буд.

Мақомоти додситонии Қирғизистон гуфтанд, ба бознашри матлаби "Asia-plus" аз сӯи "Kaktus.media", ки ба баҳсҳои марзии Қирғизистон бо Тоҷикистон рабт дошт, баҳои ҳуқуқӣ медиҳад.

"Рӯзи 27 январ дар сомонаи "Kaktus.media" дар бораи низои мусаллаҳонаи минтақаи марзӣ матлабе нашр шуд. Дар матлаб дар бораи он, ки неруҳои Қирғизистон аввалин тирро кушодаанд, иттилои носанҷида нашр ва ба ин тартиб Тоҷикистон таҳрик дода шудааст", - хабар додааст додситонӣ.

Додситонии ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкек бо моддаи "Тарғиби ҷанг, яъне паҳнсозии ҳама гуна дидгоҳ, ақида ва ё даъват бо ҳадафи ангехтани хушунати як тараф нисбати тарафи дигар ва ё аланга додани низои ҳарбӣ" парванда боз кардааст.

Дина Маслова, мудири расонаи "Kaktus.media" гуфт, ки чанд тан аз муҳаррирони расона дар доираи парвандаи мазкур ба ҳайси шоҳид бозпурсӣ шудаанд.

Рӯзи 28-уми январ пушти дари "Kaktus.media" дар шаҳри Бишкек гирдиҳамоӣ ташкил шуд. Гуруҳе аз сокинон, ки худро фаъолони ҷомеа номиданд, талаби бастани расонаро карданд. Ин фаъолон аз шеваи инъикоси низои марзии Қирғизистон бо Тоҷикистон - аз он ки "Kaktus.media" рӯзи 27-уми январ як матлаби сомонаи "Азия Плюс"-и Тоҷикистонро бознашр кардааст, норозӣ буданд.

Баъди он рӯзноманигорони "Kaktus.media" аз хонандагони худ узрхоҳӣ карданд. "Kaktus.media" дар матлаби узрхоҳонаи худ навишт, ки ҳадаф аз бознашр матлаби "Азия Плюс" "ба ҷомеаи Қирғизистон нишон додан, ки ҷониби Тоҷикистон кадом сиёсати иттилоотиро пеш мебарад, ҳодисаро ба шаҳрвандони Тоҷикистон чи гуна шарҳ медиҳанд", буд.

XS
SM
MD
LG