Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ал-Қурайшӣ, раҳбари ДОИШ-ро дар Сурия куштаанд


Абу Иброҳим ал-Ҳошимӣ ал-Қурайшӣ. Аксро Департаменти давлатии Амрико моҳи июли соли 2020 нашр карда буд
Абу Иброҳим ал-Ҳошимӣ ал-Қурайшӣ. Аксро Департаменти давлатии Амрико моҳи июли соли 2020 нашр карда буд

Ҷо Байден, президенти Амрико, гуфт, дар амалиёти нерӯҳои вижаи кишвараш дар Сурия Абу Иброҳим ал-Ҳошимӣ ал-Қурайшӣ, раҳбари гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" ё ДОИШ кушта шудааст. Амалиёт шаби 2-юми феврали имсол сурат гирифт.

Байден рӯзи 3-юми феврал дар баёнияе гуфт, амалиёти зиддитеррористӣ дар шимолу ғарби Сурия "муваффақона" буд ва сарбозоне, ки дар он иштирок доштанд, "сиҳҳату саломат баргаштанд".

Дар баёния гуфта мешавад, "Абу Иброҳим ал-Ҳошимӣ ал-Қурайшӣ, раҳбари гуруҳи "Давлати исломӣ" аз майдони ҷанг берун карда шуд." Мақомоти Амрико гуфтаанд, Байден дертар тафсилот хоҳад дод.

Қаблан Пентагон ё Вазорати мудофиаи Амрико амалиётро дар Сурия тасдиқ карда, аммо ҳадафи онро ошкор накарда буд.

Хабаргузории "Ассошиэйтед Пресс" аз қавли шоҳидон дар ҷойи ҳодиса гуфт, дар ин амалиёт, ки беш аз ду соат идома кард, 13 нафар, аз ҷумла шаш кӯдак ва чаҳор зан кушта шуданд.

Расонаҳои амрикоӣ аз қавли як мақоми расмӣ навиштаанд, ки ал-Қурайшӣ ҳангоми ҳамла дар хонае дар шаҳри Атме буд ва худро тарконд. Ба гуфтаи мақомот, дар ин таркиш аъзои хонаводаи ӯ, аз ҷумла занону кӯдакон низ кушта шуданд.

XS
SM
MD
LG