Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазири украинӣ додани "мақоми вижа" ба Донбасро рад кард


Дмитро Кулеба, вазири корҳои хориҷии Украина
Дмитро Кулеба, вазири корҳои хориҷии Украина

Вазири корҳои хориҷии Украина Дмитро Кулеба гуфт, ба қисматҳои шарқии ин кишвар -- Луганск ва Донетск, ки аз моҳи апрели соли 2014 зери назорати ҷудоихоҳони мавриди ҳимояти Русия ҳастанд, мақоми вижа нахоҳанд дод.

Кулеба дар мусоҳиба бо рӯзномаи лаҳистонии "Rzeczpospolita" аз 2-юми феврал гуфт, ба истилоҳ, "созишномаи Минск" барои ҳаллу фасли даргириҳои ҷорӣ, ки дар он беш аз 13200 нафар кушта шудаанд, бояд дар дараҷаи аввал ба амният тамаркуз кунад.

"Ҳеч яке аз минтақаҳои Украина ҳаққи вето ба тасмимҳои ҳукуматро надорад. Бинобар ин, он тавр, ки Русия дар назар дорад, вазъияти хосе вуҷуд надорад, ба ҳеч касе ҳаққи вето дода намешавад," -- гуфтааст вазири корҳои хориҷии Украина.

Русия ба Киев фишор меорад, то бо сарони ҷудоихоҳон дар мавриди додани худмухтории минтақаҳои зери назорати онҳо гуфтугӯ кунад.

Маскав мегӯяд, созишномаи Минск ба ин имконият медиҳад. Бо ин ҳол, Киев инро рад карда ва мегӯяд, ки ин як талоши пинҳоние аз сӯи Русия барои федералӣ кардани Украина ва дар ниҳоят назорати ин кишвар аст.

Мусоҳибаи Кулеба дар ҳоле нашр шуд, ки нигарониҳо аз ҷобаҷой шудани нерӯҳои русӣ дар марзи Украина ва ҳамлаи эҳтимолии Русия ба ин ҳамсояи ғарбии худ боло гирифтааст.

XS
SM
MD
LG