Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парвандаи "қаллобӣ"-и Навалний ба додгоҳ рафт


Алексей Навалний
Алексей Навалний

Парвандаи сиёсатмадори зиндонӣ ва мунтақиди сарсахти ҳукумати Русия, Алексей Навалний, ки бо гумони қаллобӣ ва таҳқири додрас боз шуда буд, барои муҳокима ба Додгоҳи ноҳияи Лефортовои Маскав фиристода шудааст.

Дар ин бора хабаргузории давлатии РИА Новости бо истинод ба хадамоти матбуотии додгоҳи Лефортово иттилоъ додааст. Санаи оғози баррасии он гуфта намешавад.

Дар миёнаҳои моҳи январи имсол хабар доданд, ки парвандаҳои Навалний бо гумони қаллобӣ ва таҳқири додрас якҷоя карда шудааст.

Вакили мудофеи мухолифи зиндонии рус Олга Михайлова гуфт, бар асоси ин айбҳо, ба шахси зери ҳимояташ то 10 сол зиндон таҳдид мекунад.

Алексей Навалний 25-уми майи соли гузашта тавассути саҳифаи Инстаграми худ иттилоъ дода буд, ки ба зидди ӯ бо гумони таҳқири додрас Вера Акимова парвандаи ҷиноӣ кушодаанд. Вале маълум нест, ки Навалний додрасро чӣ гуна таҳқир кардааст.

Алексей Навалний дар зиндони рақами 2-и шаҳри Покров нигаҳдорӣ мешавад. Ӯро бар асоси парвандаи «Ив Роше» аз соли 2014 ба 2,5 сол зиндон маҳкум кардаанд. Дар зиндон саломатии Навалний бад шуд ва ӯ ба нишони эътироз аз набудани хадамоти муносиби тиббӣ ва рад шудани дархости муоинаи табиби хусусӣ муддате даст ба гуруснанишинӣ зад.

XS
SM
MD
LG