Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ВКХ хост, донишҷӯёни тоҷик ба Қирғизистон нараванд


Бинои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон
Бинои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон аз шаҳрвандон хостааст, барои кору таҳсил ба Қирғизистон нараванд. Сарҳади Қирғизистон аз моҳи майи соли 2021 ба рӯйи шаҳрвандони Тоҷикистон бастааст, аммо Девони вазирони он кишвар моҳи октябри соли гузашта ба таври истисноӣ ба сафари донишҷӯёни тоҷик иҷозат дода буд.

Вазорат рӯзи 2-юми феврал дар баёнияе гуфт, "новобаста аз ин қарор, дар қаламрави он кишвар ҳолатҳои муносибати ғаразнок нисбат ба шаҳрвандони тоҷик мушоҳида мегарданд."

"Мактабҳои олии Қирғизистон таҷрибаи ба таври сунъӣ кашол додани раванди бозпасдиҳии ҳуҷҷатҳои донишҷӯёни тоҷикро идома дода, барои гузаштан ба мактабҳои олии Тоҷикистон монеа эҷод мекунанд. Дар аксар маврид ба донишҷӯён шарт гузошта мешавад, ки пули таҳсилро пурра диҳанд, ҳарчанд дар қарордод чунин талабот пешбинӣ нашудааст," – омадааст дар изҳороти ВКХ.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, "далелҳои аз ҷониби мақомоти салоҳиятдори Қирғизистон боздошт шудани донишҷӯёни тоҷик дар гузаргоҳҳои сарҳадии ин кишвар ба қайд гирифта мешаванд."

Ҷониби Қирғизистон ҳанӯз вокуниш накардааст.

Муносибати Тоҷикистону Қирғизистон дар тақрибан як соли охир ба сардӣ печидааст. Моҳи апрели соли гузашта дар марзи ду кишвар задухӯрди мусаллаҳона сурат гирифт, ки аз ду тараф даҳҳо кушта ва захмӣ ба ҷой гузошт.

Шаби 27-уми январи имсол ҳам дар сарҳад ҷанҷоле сар зад, ки дар натиҷаи он аз ҷониби Тоҷикистон ду нафар кушта ва аз ҳарду тараф беш аз бист кас маҷруҳ шуданд.

Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 900 километр сарҳад доранд, вале нишонагузорӣ нашудани беш аз чаҳорсад километри он ҳар чанд вақт сабаби занозании мардум ва муноқишаи мусаллаҳонаи низомиёни ду кишвар мешавад.

XS
SM
MD
LG