Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хадамоти гумрук: Додугирифт бо Афғонистон тағйир накард


Пули "Дӯстӣ" миёни Тоҷикистону Афғонистон.
Пули "Дӯстӣ" миёни Тоҷикистону Афғонистон.

Мақомоти тоҷик мегӯянд, бо сари қудрат омадани Толибон дар кишвари ҳамсоя вазъи воридоту содироти молу маҳсулот миёни Тоҷикистон ва Афғонистон ҳеҷ тағйире накардааст.

Хуршед Каримзода, раҳбари Хадамоти гумруки Тоҷикистон рӯзи 2‑уми феврал дар нишасти матбуотии ин ниҳод гуфт, ки моҳи аввали сари қудрат омадани Толибон вазъ аадаке тағйир ёфт, вале баъдан маъмулӣ шуд.

Ӯ гуфт, ки соли гузашта содирот ба Афғонистон 15 миллион сомонӣ зиёд шудааст ва ва аз Афғонистон ба Тоҷикистон низ нисбат ба соли гузашта ба маблағи беш аз ду миллион сомонӣ молу маҳсулот бештар ворид шудааст. Ба гуфтаи ӯ, афзоиш ба он хотир буд, ки соли 2020 марзҳо бинобар сабаби пандемия баста буданд, вале соли 2021 бозтар шуданд.

Афғонистон барои Тоҷикистон як кишвари транзитӣ аст, ки аз тариқи он аз Покистону Эрон низ молу маҳсулот ворид мешавад. Хуршед Каримзода гуфт, ки соли гузашта беш аз ҳафт ҳазор мошинҳои боркаш аз тариқи Афғонистон вориди Тоҷикистон шудаанд, ки дар қиёс ба як соли пеш чор ҳазор бештар будааст.

Ӯ гуфт, ҳоло барои убуру мурур аз хоки Афғонистон ҳеҷ мушкиле ба назар намерасад.

Тоҷикистон расман эълон кардааст, ки бо ҳукумати Толибон ҳамкорӣ надорад ва ин гурӯҳро бо расмият намешиносад. Мақомоти ин гурӯҳ ва мақомоти тоҷик борҳо ба ҳам баҳсҳои лафзӣ доштанд.

Толибон нимаи моҳи август Афғонистонро тасарруф карданд, вале то ҳол ҳеҷ кишваре ҳукумати ин гурӯҳро ба расмият нашинохтааст.

XS
SM
MD
LG