Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Артиши Ироқ 9 ҷангҷӯйи ДОИШ-ро куштааст


Артиши Ироқ мегӯяд, дар ҳамлаи ҳавоии нерӯҳои ин кишвар 9 ҷангҷӯйи гуруҳи террористии "Давлати исломӣ" ё ДОИШ кушта шудаанд.

Дар иттилоияи артиш омадааст, се ҳавопаймои қушӯнҳои ҳавоии Ироқ рӯзи 29-уми январ як паноҳгоҳи шӯришиёнро нишон гирифтанд.

Ба гуфтаи артиши Ироқ, гумон меравад, масъулони ҳамлаи рӯзи 21-уми январ дар вилояти Диёла дар ҳамин минтақа пинҳон шуда буданд. Дар ҳамлаи нӯҳ рӯз пеш дар ин вилоят дастикам 11 сарбози ироқӣ кушта шуданд.

Гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" ё ДОИШ соли 2014 минтақаҳоеро дар Ироқ тасарруф карда, хилофати исломӣ ташкил дод. Аммо соли 2017 бахши бузурги ин минтақаҳо дубора аз сӯи нерӯҳои ироқӣ ва дар ҳамкорӣ бо Эътилофи байнулмилалӣ пас гирифта шуданд.

Бо вуҷуди ин, иддае аз шӯришиён дар минтақаҳои атрофи Бағдод ва Киркук, вилоятҳои Диёла ва Салоҳиддин ба амалиёти худ идома медиҳанд.

XS
SM
MD
LG