Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоқаев раиси ҳизби ҳокими "Нуротан" шуд


7-уми январ. Президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев
7-уми январ. Президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев

Дар анҷумани ҳизби ҳокими Қазоқистон, ки рӯзи 28-уми январ пушти дарҳои баста баргузор шуд, президент Қосимҷомарт Тоқаев раиси нави он интихоб шуд ва дар ин мақом президенти пешин Нурсултон Назарбоевро иваз кард. Духтари Назарбоев – Дариға Назарбоева ва собиқ нахуствазир Аскар Мамин, ки дар авҷи эътирозҳои моҳи январ бо аъзои кобинааш ба истеъфо фиристода шуд, аз узвияти шӯрои сиёсии “Нуротан” хориҷ карда шуданд. Дар ин бора Радио Азаттиқ – Бахши қазоқии радиои Озодӣ хабар медиҳад. Ба мушоҳидаи хабарнигорони ин расона, дарҳои маҷлисгоҳ - дастгоҳи марказии ҳизб чунон баста буд, ки ҳатто баъзе депутатҳо ҳам натавонистанд ба осонӣ ба дохил ворид шаванд.

Дар Қазоқистон рӯзҳои аввали моҳи январ эътирозҳои мардумӣ аз якбора боло рафтани нарзи гази моеъ ва бо талаби истеъфои ҳукумату пешвои миллат Нурсултон Назарбоев шурӯъ шуд, ки баъдан ба хушунат печид. Президент Тоқаев талаби эътирозгаронро дар заминаи истеъфои ҳукумат ва бозгардони нархҳои пешин иҷро кард, вале баъдан эътирозгаронро дар талоши сарнагунии ҳукумат гунаҳор карда гуфт, ки ба кишвар “террористони ҳамла кардаанд”. Нирӯҳои Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ бо ин далел вориди Қазоқистон шуданд. Хабарнигорони Азаттиқ менависанд, ки баъди ин ҳодисаҳо вазъи амниятиву тартибу интизом дар кишвар барқарор шудааст, вале садҳо нафар бо гумони ширкат дар хушунатҳо боздошт ва мавриди шиканҷаву азияту озор қарор гирифтаанд. Баробар бо ин дар кишвар бисёр хешовандони наздики Назарбоев аз мақомҳои худ маҳрум мешаванд.

XS
SM
MD
LG