Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Яндекс.Такси" вазифадор шуд, иттилоотро ба хадамоти махсуси Русия пешниҳод кунад


Хадамотҳои "Яндекс.Такси", "Яндекс.Go", "Яндекс.Лавка" ва "Яндекс.Еда" вазифадор шуданд, ки маълумот дар бораи корбаронро ҷамъоварӣ ва ҳифз карда, дар сурати лозимӣ бар асоси ба истилоҳ, "қонунҳои Яровой" ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва махсуси Русия пешниҳод кунанд.

Ин қарор барои он ба хадамотҳои мазкур дахл кард, ки онҳо ба феҳристи ягона ҳамчун паҳнкунандаи маълумот шомил карда шудаанд. Дар хадамоти матбуотии "Яндекс" гуфтанд, ки маҷбур ҳастанд, талаботи қонунро иҷро кунанд.

Пештар ба феҳристи ягонаи паҳнкунандагони маълумот "Яндекс.Дзен", "Яндекс.Маркет", "Яндекс.Почта", "Яндекс.Диск", "Яндекс.МойКруг" ва "Яндекс.Недвижимость" шомил шуда буданд.

Маҷмуи қонунҳои ба истилоҳ, "Яровой", ки аз сӯи вакили Думаи давлатии Русия Ирина Яровой таҳия шудаанд, соли 2016 қабул гаштаанд. Ин қонунҳо ҷавобгарӣ барои амалҳои террористӣ ва экстремистиро сахттар ва ширкатҳои мобилиро вазифадор карданд, ки ҳамаи суҳбатҳои телефонию паёмакҳои муштариёнро ба муҳлати нимсол ҳифз намоянд ва дар сурати лозимӣ дар ихтиёри мақомоти махсус гузоранд.

XS
SM
MD
LG