Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар як саф бо Толибон. Навалний ва ҳамкоронашро ба рӯйхати "террористҳо" ворид карданд


Алексей Навалний аз мухолифони сарсахти раиси ҷумҳурии Русия Владимир Путин аст
Алексей Навалний аз мухолифони сарсахти раиси ҷумҳурии Русия Владимир Путин аст

Мақомоти Русия мунтақиди зиндонии Кремлин Алексей Навалнийро ба рӯйхати "террористҳо ва ифротгароён" ворид кардаанд.

Номи Навалний ва панҷ ҳамкори собиқаш – Любов Собол, Вячеслав Гимади, Георгий Албуров, Лилия Чанишева ва Руслан Шаведдинов – рӯзи 25-уми январ дар феҳрасти "Росфинмониторинг" пайдо шуд. Онҳо дар як саф бо гурӯҳҳои террористии хориҷӣ, аз ҷумла "Толибон" ва ДОИШ қарор гирифтаанд.

Бар асоси қонунҳои Русия, суратҳисоби бонкии ин афрод бояд фавран баста шавад. Чанд рӯз пеш, Леонид Волков ва Иван Жданов, ду шахси наздик ба Навалний, ҳам ба ин рӯйхат шомил шуда буданд.

Алексей Навалний моҳи августи соли 2020 заҳролуд шуда, барои муолиҷа ба Олмон рафт. Вай моҳи январи соли 2021, ҳангоми бозгашт аз Олмон ба Русия, дар фурудгоҳи Маскав дастгир шуд. Додгоҳ ӯро дуним сол аз озодӣ маҳрум кард.

XS
SM
MD
LG