Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Қазоқистон мехоҳанд, Конститутсия ва қонуни интихоботро тағйир диҳанд


Гуруҳе аз фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ дар шаҳри Алматои Қазоқистон, ки ба ҳайати он соҳибкорон, ҳуқуқшиносон, донишмандон ва омӯзгорон шомиланд, 24 январ аз таъсиси иттиҳодияи ҷамъиятие бо номи "Ҳаракат барои дастгирии Ҷумҳурӣ" хабар доданд.

Дар изҳороти гуруҳи ташаббускор, аз ҷумла гуфта шудааст, "ҳаракат низоми худкомаеро, ки Нурсултон Назарбоев сохтааст, қабул надорад ва барои шикастани ин низом талош хоҳад кард". Матни изҳоротро дар нишасти хабарӣ аз номи ҳаракат раиси шӯрои "Пажӯҳишгоҳи волоияти ҳуқуқ" Азамат Тулеуов қироат кард.

Яке аз аъзои дигари ҳаракат, ҳуқуқшинос ва омӯзгор Нурлан Искалиев гуфт, бояд механизми роҳ ёфтани як қисми фаъоли ҷомеа дар идораи давлатро таҳия кард. Ба гуфтаи ӯ, низоми давлатдорӣ давоми чандин сол дар ихтиёри як шахс буд ва ҳоло фурсате барои ислоҳот пеш омадааст.

Ӯ ҳамчунин гуфт, ҳаракат мехоҳад, дар робита ба тағйири Конститутсияи Қазоқистон раъйпурсиеро баргузор кунад. Вай афзуд, ки "саҳифаи иқтисоди домоду ҷиянҳо бояд баста ва бархурд бо дороиҳои давлатӣ бояд бозбинӣ шавад".

"Масъулияти мо аз он иборат аст, ки қонунҳои интихоботиро дар рӯҳияи қонуни нави амалкунанда ба хотири таъмини интихоботи одилона ва шаффоф бояд куллан дигар кунем", — изҳор дошт Тулеуов.

XS
SM
MD
LG