Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Гумруки шумо хуб аст, аммо мисли дигар ҷойҳо ғайрирасмӣ пул мегиранд" ВИДЕО


Бинои Хадамоти гумруки Тоҷикистон.

Рӯзи 22-уми январ аз замони таъcиси Хадамоти гумруки Тоҷикистон 30 сол пур шуд. Дар 30 соли кораш ин ниҳод дар баробари Кумитаи андоз як идораи муҳим барои таъмини буҷаи кишвар боқӣ мондааст.

Ҳудуди 70 дарсади даромади буҷаи Тоҷикистон аз ҳисоби андоз ва пардохтҳои гумрукӣ пешбинӣ шудааст. Коршиносони мустақил ин ниҳодро яке аз фасодзадатарин бахшҳо дар сохтори ҳукумат меноманд, вале худи кормандони гумрук ба ин баҳогузорӣ розӣ нестанд.

Хуршед Чиллаев, муовини сардори сардори раёсати таҳлил ва омори Хадамоти гумруки Тоҷикистон рӯзи 21-уми январ дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ин ниҳод дар рушди савдои хориҷӣ ва иқтисоди кишвар саҳми назаррас дорад: "Дар фаъолияти гумрук ва тақвияту пешбурди фаъолияти иқтисоди хориҷӣ санадҳое қабул шудаанд, ки имконият дод, фаъолияти иқтисоди хориҷӣ рушду ташаккул ёбад ва мавқеи мақомоти гумрук дар иҷрои нақшаи буҷети давлатии Тоҷикистон ҷои муносибро ишғол намояд."

Бурду бохти Хадамоти гумруки Тоҷикистон дар 30-сол
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:22 0:00

Кормандони Хадамоти гумрук мегӯянд, ҳадди аққал дар 10 соли ахир додуситади хориҷии Тоҷикистон 6 баробар зиёд шуда, аз 1 ба 6 миллиард доллар расидааст. Онҳо саҳми мақомоти гумрук дар рушди тиҷорати хориҷиро муҳим арзёбӣ мекунанд. Аммо коршиносон бар инанд, ки фасоди густарда дар ин ниҳод имкониятҳои ба маротиб бештари рушдро аз байн бурдааст.

Ниҳоди олуда ба фасод?

Барҷастатарин намунаи фасодро дар Хадамоти гумрук Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар ҷаласаи ниҳодҳои иқтисодии кишвар дар соли 2019 ошкор карда буд. Сардори 32-солаи терминали "Душанбе-1" Шаҳбоз Раҷабзода ба ришватгирии ҳаҷман бузург айбдор шуд, аммо бо як сарзаниши президент аз ҷазо раҳо гашт. Ҳолатҳои коррупсионӣ дар ин соҳа зоҳиран идома доранд ва ба чашми меҳмонони хориҷӣ ҳам мерасанд.

Ҷамшед Қодиров, ронандаи мошини борбар, ки шаҳрванди Ӯзбекистон аст, мегӯяд, ҳангоми гузаштан аз марз борҳо шоҳиди пулситонии кормандони гумруки Тоҷикистон шудааст.

"Гумруки шумо хуб аст, коргаронаш ҳам одамони хубанд, фақат ҳамин ки барои роҳ мо пул пардохт мекунем, он 200 долларе, ки барои роҳ пардохт мекунем, ин пардохти расмӣ аст, аммо мисли дигар ҷойҳо боз ғайрирасмӣ ҳам аз мо пул мегиранд, росташро мегӯям"-гуфт, Ҷамшед Қодиров, рӯзи 19-уми январ дар суҳбат ба Радиои Озодӣ.

Дар он маҷлиси таърихии соли 2019 раисҷумҳур раҳбарони ниҳодро ба беамалӣ мутаҳҳам кард ва гуфт, ки кормандон миёни худ гузаргоҳҳои марзиро тақсим кардаанду ба таври худ ҳамлу нақли молу колоро назорат мекунанд.

"Ду роҳи қочоқи молу коло вуҷуд дорад: Вақте мошин меояд, камераҳо ба навор мегиранд. Рақамҳои давлатиро мекушоянду онро дар мошини дуввуму сеюм насб мекунанд. Дар воқеъ, ду мошин омадааст, вале як мошин сабти ном мешавад. Вақте мол ба гузаргоҳи марзӣ меояд, кормандон бо соҳиби мол тавофуқ мекунанд, арзишро кам нишон медиҳанд ва нархро чӣ хеле хоҳанд, ҳамон тавр мегузоранд”- гуфт он замон Эмомалӣ Раҳмон. Ба гуфтаи вай, ҳамаи ин қочоқ “бо дастгирии мансабдорони баландпояи Хадамоти гумрук сурат мегирад”.

Ҳамчунин қазияи қочоқи 90 кило тилло ва 15 миллион доллар аз мавридҳои дигаре буд, ки интиқодҳоеро атрофи Хадамоти гумрук ба бор овард. Бо вуҷуди ин мақомоти Хадамоти гумрук вуҷуди фасоди густарда дар ин ниҳодро рад мекунанд.

Талош барои ислоҳ ва даъват барои поккорӣ

Хуршед Чиллаев, муовини сардори раёсат дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон мегӯяд: " Ҳозир хушбахтона ҳар як амали корманди гумрук ва фаъолияти иқтисоди хориҷӣ, чӣ дар ҳуҷҷат бошад шаффоф аст, вобаста ба ин мо системаи равзанаи ягонаи воридоту содиротӣ транзитиро декабри соли гузашта дар амал татбиқ кардем, ки фаъолияти худамонро шаффофу дақиқ нишон диҳем".

Иқтисоддонҳо бар инанд, ки Хадамоти гумрук ниёз ба ислоҳоти ҷиддӣ дорад, вале то ҳол барномаи чунин ислоҳот, ё поккории сафи кормандони гумрук аз афроди ришвагир роҳандозӣ нашудааст.

Ба назари Фозилҷон Фатҳуллоев, коршиноси масоили иқтисодӣ, то замоне ки мушкилиҳои ҷойдошта дар кори Хадамоти гумрук ҳалли худро наёбанд, он наметавонад, дар рушди иқтисод ва ҷалби бештари сокинон ба тиҷорату соҳибкорӣ нақши муассир гузорад.

"Сохтори хадамот ба ислоҳоти ҷиддии чӣ кадрӣ, чӣ тарбиявӣ, чӣ интеллектуалӣ, чӣ технологиву инноватсионӣ ниёз дорад. Хуб мешуд, фасод ҷилавгирӣ шавад ва низоме ҷорӣ гардад, ки риояи талаботи қонун аз ҷониби мақомоти гумрук иҷро шавад, назорати ҷиддӣ аз болои кори ин ниҳод ба назар намерасад, Оҷонсии коррупсия ва дигар ниҳодҳои салоҳиятдор бояд бештар таваҷҷуҳ кунанд, ки кормандони Хадамоти гумрук ба чӣ корҳо машғуланд, чӣ гуна соҳиби вазифа шудаанд ва дар муддати кутоҳ соҳиби чӣ сарвате шудаанд ва умуман дороиҳои онҳоро бояд санҷанд, ки аз куҷо омадааст"-гуфт, Фозилҷон Фатҳуллоев.

Оморҳои гуногун баёнгари чист?

Дар давраи пандемияи COVID-19, ки аксар кишварҳо аз рукуди иқтисодӣ ва таъсири назарраси беморӣ ба иқтисодашон мегӯянд, масъулони блоки иқтисодии Тоҷикистон аз афзоши нишондодҳои иқтисодӣ суҳбат мекунанд.

Хуршед Каримзода, сардори Хадамоти гумруки Тоҷикистон моҳи ноябри соли гузашта дар як ҷаласаи парлумонӣ гуфта буд, ки тайи 9 моҳ аз ҳисоби пардохтҳои гумрукӣ ба буҷа беш аз 4 миллиарду 900 миллион сомонӣ ворид шудааст, ки ин аз нақшаи пешбинишуда зиёд аст.

Бархе коршиносон ба оморҳои Хадамоти гумрук ба шубҳа менигаранд ва бар инанд, ки дар Тоҷикистон нишондодҳои марбут ба рушди иқтисод на ҳамеша воқеъбинонаанд. Вуҷуди тафовут дар омори пешниҳодӣ бо шарикони асосии тиҷорат, аз ҷумла Чин дар гузашта мавриди баҳсҳо қарор гирифта буд. Бори аввал дар ин маврид соли 2013 гуфта шуд.

Он замон маълумоти Вазорати тиҷорати Чин тақрибан 2,5 маротиба бештар аз маълумоте буд, ки омори Тоҷикистон медод. Хадамоти гумруки Тоҷикистон ин тафовутро ба қоидаҳои гуногуни ҳисобгирии гумрук ва ҳамчунин ба молу колои транзитии Чин тавассути қаламрави Тоҷикистон, марбут медонист.

Дар баробари фасод, аз боҷҳои гарони гумрукӣ, шаффофияти озмунҳои қабули корманд, ё аттестатсияи кормандон ва мушкилу монеаҳо дар воридоту содироти молу маҳсулот борҳо нигарониҳое садо додааст. Аммо гоҳе ҳам масъулони ин ниҳод баръакс тоҷиронро дар пинҳонкории арзиши аслии молу маҳсулоташон муттаҳам мекунанд.

Хадамоти гумруки Тоҷикистон 22-юми январи соли 1992 таъсис ёфта, ин ниҳод тайи 30 соли фаъолият 9 роҳбар доштааст, ки яке аз онҳо Рустами Эмомалӣ, писари раиси ҷумҳури Тоҷикистон буд. Ба дӯши ин ниҳод ғайр аз ситонидани пардохтҳои гумрукӣ, танзими фаъолияти иқтисоди берунӣ, мубориза бо қочоқи маводи мухаддир, силлоҳ, ҳамлу нақли ашёи дорои арзиши таърихиву фарҳангӣ гузошта шудааст.

Шарҳҳоро бинед (16)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG