Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хадамоти гумрук гуфт, се кормандаш дар кочоқи 90 кг тило ва 15 миллион доллар даст доштанд


Хуршед Каримзода, раиси Хадамоти гумрук гуфт, “кормандонаш қонуншиканӣ кардаанд.”
Хуршед Каримзода, раиси Хадамоти гумрук гуфт, “кормандонаш қонуншиканӣ кардаанд.”

Раиси Хадамоти гумруки Тоҷикистон гуфт, аз се кормандаш, ки дар қочоқи 90 кило тило ва 15 миллион доллар аз Афғонистон ба ин кишвар даст доштанд, ду тан зиндон шуданд ва яке бо ҷарима озод гашт.

Хуршед Каримзода, раиси Хадамоти гумрук дар нишасти матбуотии рӯзи 30-уми июл гуфт, ки “кормандонаш дар тартиби интиқоли мол қонуншиканӣ кардаанд.”

Аз интиқоли ин миқдор тилло ва маблағ моҳи ноябри соли гузашта дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе пешгирӣ шуда буд. Ҳодисаро Додситонии кулли Тоҷикистон тафтиш кард ва моҳи апрели имсол Додгоҳи шаҳри Душанбе нӯҳ нафарро дар доираи ин парванда ба муҳлатҳои аз ду то панҷуним сол ба зиндон маҳкум кард.

Додгоҳ қаблан гуфта буд, ки барои ҳамкорӣ бо ин гуруҳ, ду нозири дидбонгоҳи Гумруки Панҷи Поён дар Хатлон, Зариф Аслонов ва Қурбоналӣ Сайфуллоевро барои “сӯистифода аз ваколатҳои хидматӣ” ба ду солии зиндон маҳкум кардааст. Маҳмадризо Шарипов, нозири дигари ин дидбонгоҳи гумрукӣ барои “хунукназарӣ” барои ду сол аз озодӣ маҳрум шуда буд, вале пас аз шикоят ба зинаи болоии додгоҳ бо ҷарима озод шудааст.

Додгоҳи Душанбе бо нашри хулосаи ҳукми додгоҳ гуфта буд, ки гуруҳи иборат аз кормандони Хадамоти гумрук, ВКД ва тоҷирон дар ҳамкорӣ бо шаҳрвандони Афғонистон солҳо боз ба кочоқи тило ва асъори хориҷӣ машғул будаанд.

Назари маҳкумшудаҳо маълум нест, вале пайвандонашон гуфта буданд, аз ҳукми додгоҳ эътироз надоранд.

Қазияи кочоқи тило замоне доғ шуд, ки расонаҳои Афғонистон навиштанд, молҳои мусодирашуда дар Душанбе ба Мирзо Катавозай, муовини аввали Маҷлиси Намояндагони ин кишвар таалуқ доранд. Ин мақомдори Афғонистон, ки ҳоло мақомашро аз даст додааст, дар охири моҳи феврал ҳангоми сафар ба Душанбе ин иттиҳомро рад карда буд.

XS
SM
MD
LG