Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боз сангпартоӣ дар марз. Раиси вилояти Суғд ба Исфара рафтааст. ВИДЕО


Мақомоти тоҷик мегӯянд, дар ҳодисаи дирӯз нақлиёти Насруллобек Асламов осеб дид
Мақомоти тоҷик мегӯянд, дар ҳодисаи дирӯз нақлиёти Насруллобек Асламов осеб дид

Пас аз як рӯзи сангпартоӣ ба сӯи автомашинаи шаҳрванди Тоҷикистон дар марз, раиси вилояти Суғд ба шаҳри Исфара рафтааст. Мақомоти шаҳри Исфара мегӯянд, рӯзи 20-уми январ шаҳрвандони Қирғизистон ба сӯи як мошини боркаши шаҳрванди Тоҷикистон сангпартоӣ карданд. Дар ин ҳодиса ба гуфтаи мақомоти тоҷик, мошини Насруллобек Асламов ва худи ӯ осеб дидаанд. Ҷониби Қирғизистон гуфт, ҳодисаро таҳқиқ доранд, вале осеб дидани ронанда дуруст нест.

Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд шоми 21-уми январ дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, аз ҳодиса хабар дорад ва масъулони маҳаллиро вазифадор кардааст, ки он ҷониб ҷуброни зарари расондаро ситонанд.

Ҳодиса чигуна рух дод?

Насруллобек Асламов, сокини 34-солаи шаҳри Исфара дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, як рӯз пеш аз шаҳри Конибодом ба як қисми низомии воқеъ дар ҷамоати Ворух маҳсулоти сохтмонӣ мебурд ва сангпартоӣ ҳангоми бозгашт рӯй дод.

“Азбаски нақлиёти ман калон буд, аз роҳи мошингарди ҳамшафати Оқсой ба ҷониби деҳаи Хоҷаи Аъло ҳаракат кардам. Дар байни роҳ аввал се нафар қирғизтаборон маро манъ карда, хостанд, ки аз мошин фароям. Вақте нафаромадам, онҳо ба сӯйи ман санг партофтанд. Ман зуд мошинро ба ҳаракат даровардам, ки аз ҷониби дигар тақрибан 20 нафар шаҳрвандони Қирғизистон, ки ба сохтмони ҳавлиҳои калон машғул буданд, ҳамаашон якбора ба тарафаи мошини ман санг андохтанд,”-нақл кард Асламов.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Кӣ мошини ронандаи тоҷикро дар марз хароб кард?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:00 0:00

Мақомоти Қирғизистон дар хабарномае гуфтанд, якҷоя бо ҷониби Тоҷикистон ҳодисаи ҳамла ба ронандаи “Камаз”-ро таҳқиқ мекунанд. Хадамоти марзбонии Қирғизистон гуфт, ин нақлиёт бо рақами қайди давлатии Тоҷикистон аз назди нуқтаи марзбонӣ бо суръати баланд убур кард.

Насруллобек Асламов, ронандаи “Камаз” мегӯяд, дар он ҳолат хеле тарсида ва барои ҷон ба саломат бурдан, нақлиёташро бо суръати баланд рондааст. Вале бо ин вуҷуд ба гуфтаи Асламов, чанд қисми нақлиёташ осеб дидаанд ва аз мақомоти милисаи ин минтақа талаб кардааст, ки ҷубронашро аз сокинони Қирғизистон ситонанд.

"Ойинаи пеши мошин ва тирезаи дарҳо, фари онро шикастанд. Дарҳо ва чанд ҷойи мошинро бо санг зада пачақ карданд. Тақрибан 2,5 ҳазор сомонӣ зиён дидам,"-афзуд ҳамсуҳбати мо.

Қирғизистон: ронанда осеб надидааст

Дар ҳамин ҳол, Зубайдулло Шомадов, сухангӯйи шаҳрдори Исфара бо нашри чанд акс дар саҳифаи фейсбукиаш иддао кард, ки ба мошини шаҳрванди Тоҷикистон сокинони деҳаи Оқсой ҳамла кардаанд. Ба гуфтаи Шомадов, дар ин ҳодиса шаҳрванди Тоҷикистон Насруллоек Асламов осеб дидааст. Вале Хадамоти марзбонии Қирғизистон хабар дод, ки маълумот дар бораи осеб дидани ронанда Асламов тасдиқ нашуд.

Роҳи миёни ҷамоатҳои Чоркуҳ ва Ворух аз миёни деҳаи Оқсойи Қирғизистон мегузарад ва ин макон то ин вақт борҳо шоҳиди баҳсу муноқишаҳои марзӣ шудааст.

Марзи Тоҷикистону Қирғизистон солҳои ахир борҳо шоҳиди муноқишаҳои хунин шудааст. Дар яке аз ин муноқишаҳо, ки охири моҳи апрели соли гузашта рух дод, аз ҳарду тараф даҳҳо нафар куштаву захмӣ шуданд. Ҷанҷол ва муноқишаҳо дар марз бештар бар сари обу замин ва чарогоҳ миёни сокинони наздимарзӣ сар мезанад.

Аз 970 километр марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон танҳо 519 километри он муайян ва аломатгузорӣ шудааст.

XS
SM
MD
LG