Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тир ё "хлопушка"? Ҳодиса дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон таҳқиқ мешавад. ВИДЕО


Тирпарронӣ дар деҳаҳои марзи миёни Тоҷикистону Қирғизистон таҳқиқ мешавад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:41 0:00

Тирпарронӣ дар деҳаҳои марзи миёни Тоҷикистону Қирғизистон таҳқиқ мешавад

Тибқи гузоришҳо, шабонарӯзи гузашта дар ду минтақаи марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон, тирандозӣ сурат гирифтааст. Ҳодисаи аввал дар деҳаи Сомониёни ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи Исфара ва дувум дар марзи ноҳияи Бобоҷони Ғафурови вилояти Суғд бо ноҳияи Лайлаки вилояти Бодканд рух додааст.

Мақомоти тоҷик то кунун ба таври расмӣ дар робита ба ин ду ҳодиса ибрози назар накардаанд. Ҷониби Қирғизистон расман ҳарду ҳодисаро шарҳ додааст.

Зубайдулло Шомадов, сухангӯи ҳукумати шаҳри Исфара рӯзи 23-юме декабр дар сафҳаи "Фейсбук"-аш навишт, ки соатҳои 10-и шаби гузашта хонаи истиқоматии сокини деҳаи Сомониёни ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ Муҳаммадҷон Довудов ҳадафи тирандозӣ қарор гирифтааст.

Хадамоти марзбонии Қирғизистон гуфтааст, ки садоро шунидааст, вале он ба садои “хлопушка” монанд буд ва дар ҷойи ҳодиса ҳеҷ нишоне аз тир дида нашуд.

Ба навиштаи Шомадов, бар асари ин тирпаронӣ шишаҳои манзили истиқоматии ин сокини ҷамоати Чоркӯҳ шикаста, тир то ба ҷойи хоб ва деворҳои хона бархӯрдааст. Сухангӯи ҳукумати шаҳри Исфара дар идома навиштааст, ки дар муноқишаи моҳи апрел низ хонаи ин сокини деҳаи Сомониён аз тарафи сокинони Куктоши Бодканд ба коми оташ рафта, бо кӯмаки мақомот аз нав бунёд гардида буд.

Дар ҳамин ҳол, ҷониби Қирғизистон шоми дируз хабар дод, ки дар наздикии марз бо Тоҷикистон садои тирпаронӣ шунида шудааст. Муаллифи наворе, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шудааст, мегӯяд, оташкушоӣ ба самти ронандаи мошини боркаш шаҳрванди Қирғизистон сурат гирифтааст. Ба иддаои муаллифи навор, ҳодиса дар ҳудуди деҳаи Мақсади ноҳияи Лайлаки Бодканд, ки бо Тоҷикистон ҳаммарз аст, рух додааст ва ронанда ҳангоми оташкушоӣ дар роҳи Арка-Мақсад ҳаракат мекард.

Ҷониби Тоҷикистон то ҳол ин қазияро шарҳ надодааст ва маълум нест, ки иддаои ҷониби Қирғизистон то куҷо ҳақиқат дорад. ​Дар Раёсати марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар Суғд рӯзи 23-юми декабр ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ҷонибҳо паси мизи музокира нишастаанд ва натиҷаҳои он дар расонаҳои давлатӣ нашр хоҳад шуд.

Чанде аз сокинони деҳаҳои марзии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки пас аз зӯҳри дирӯз садои тирпарониро шунидаанд. Як сокини ин ноҳия бо шарти фош нашудани номаш гуфт, ки ҳодиса дар ангурзори наздикии ҷамоати Хистеварз рух додааст. Масъулони ҷамоати Хистеварз ҳолатро тасдиқ карданд, вале гуфтанд, "ҳоло ҳамааш хуб аст, тинҷу оромист".

Тоҷикистон бо Қирғизистон 970 километр марзи муштарак дорад, ки ҳамагӣ 519 километри он аломатгузорӣ шудааст.

Ба далели мушаххас набудан ва аломатгузорӣ нашудани марз байни сокинони наздимарзии ду кишвар, бо баҳонаҳои гуногун, низоъ сар мезанад. Дар охирин низоъ, ки рӯзҳои 28 апрел то 1 майи соли ҷорӣ рух дод, 36 шаҳрванди Қирғизистон ва 19 шаҳрванди Тоҷикистон кушта шудаву аз ду ҷониб бештар аз 200 кас маҷруҳ гардид. Ду ҷониб якдигарро дар сар задани низоъ гунаҳкор донистанд.

Шарҳҳоро бинед (4)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

XS
SM
MD
LG