Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марзбонони тоҷик сабаби тирандозӣ дар марзро шарҳ доданд. ВИДЕО


Марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Неруҳои марзбонии Тоҷикистон бо нашри як баёнияи расмӣ, иддае аз сокинони Қирғизистонро ба барангехтани иғво дар марз муттаҳам карда ва гуфтааст, тирандозии афсари тоҷик ба ҳаво дар ин зимн кори дуруст буд.

Пештар аз ин Хадамоти марзбонии Қирғизистон, афсарони тоҷикро ба тирандозии ғайриқонунӣ муттаҳам кард. Дар баёнияи Неруҳои сарҳадии Кумитаи амнияти миллӣ, ки хабаргузории давлатии “Ховар” нашр кард, омадааст, ки чанде аз шаҳрвандони Қирғизистон дар деҳаи Сомониёни ноҳияи Исфара ба сохтмони ғайриқонунӣ оғоз кардаанд ва марзбонони тоҷик монеъ шудан ба ин кор бо ҳамтоёни қирғизи худ суҳбат кардаанд.

Дар баёнияи омадааст:Сардори дидбонгоҳи сарҳадии Тоҷикистон ба хотири ҷилавгирӣ аз амалҳои зиддиҳуқуқии шаҳрвандони Қирғизистон бо ҳамтои қирғизи худ вохӯрӣ доир намуд. Аммо, зимни вохӯрӣ шаҳрвандони хашмгини Қирғизистон ба рафти он халал расонида, ба марзбонони тоҷик ҳамла карданд ва ба сӯи онҳо санг партофтанд.”

Дар баёния шаҳрвандони Қирғизистонро ба барангехтани иғво ва таҳти хатар гузоштани саломатии марзбонони тоҷик муттаҳам кардаанд. Ба гуфтаи раёсат бо назардошти хатар, “сардори дидбонгоҳи сарҳадии Тоҷикистон бо мақсади рафъи авҷгирии низоъ ба ҳаво ду тири огоҳӣ холӣ кард ва издиҳоми хашмгинро боздошт.”

Хадамоти марзбонии Қирғизистон гуфтааст, ки ҳодиса дар маҳаллаи Кочо Бою дар ноҳияи Ботканди вилояти Ботканд ба вуқуъ пайвастааст ва сохтмон ҳам дар дохили ин маҳалла буд, на дар дохили қаламрави Тоҷикистон. Ба гуфтаи Хадамоти марзбонии Қирғизистон баъди мулоқоти намояндагони ду тараф мувофиқа ҳосил шудааст, ки ҳодиса таҳқиқ шавад.

Як намояндаи ҷамоати Чоркуҳи Исфара, ки ҳамроҳи сарҳадбонони ҳарду тараф дар маҳалли муноқиша будааст, ба Радиои Озодӣ гуфт, ки онҳо барои маълум кардани сабаби дар қитъаи баҳсӣ сохтани манзил рафтанд, вале дучори ҳамлаи сокинони маҳаллӣ шуданд.

Тирандозӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистонро таҳқиқ мекунанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:34 0:00

Ба гуфтаи ӯ, то анҷоми кори комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба аломатгузории хати сарҳад на тарафи Тоҷикистон ва на ҷониби Қирғизистон ҳаққи сохтмон дар ин маҳалҳоро надоранд. Ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ гуфт, агар афсари тоҷик ба ҳаво тир намеандохт, мардум дар дасташон калтаку санг аз хашми зиёд эҳтимол дошт сарҳадбононро захмӣ мекарданд.

Сабаби чунин муноқишаҳо марзи таъйину аломатгузориношудаи байни ду кишвар аст. Дар низоъе, ки аз 28-уми апрел то рӯзи 29-уми апрел идома кард, аз ҳарду тараф 55 нафар кушта шуданд ва даҳҳо тани дигар ҷароҳат бардоштанд. Хонаву моликияти зиёде аз байн рафт. Тоҷикистон бо Қирғизистон 970-980 километр марз дорад, ки аз ин танҳо 519 километрро мушаххас ва нишонагузорӣ кардаанд.

Шарҳҳоро бинед (10)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.
XS
SM
MD
LG