Дар Покистон як занро бо гуноҳи фиристодани "паёмакҳои куфромез" ва карикатураҳои паёмбари ислом ба дӯсташ ба эъдом маҳкум кардаанд.
Додгоҳи шаҳри Равалпиндӣ рӯзи 19-уми январ амр дод, ки Аниқа Атиқи 26-соларо "то мурдан аз гарданаш биовезанд".
Бино ба хулосаи додгоҳ, Аниқа Атиқ моҳи майи соли 2020 ба паҳну интишори суханҳои куфромез ва тасвирҳои танзомези паёмбар Муҳаммад тавассути Вотсап гунаҳкор шудааст.
Дар Покистон, ки аксари ҷамъияташ мусулмон ҳастанд, куфргӯӣ масъалаи ба истилоҳ "тарканда" аст ва барои он муддати тӯлонии зиндон ва ҳукми эъдом ё қатлро пешбинӣ кардаанд.
Тибқи иттилои Кумисюни байнулмилалии Амрико оид ба озодиҳои динӣ, дар Покистон то 80 нафар бо иттиҳоми куфргӯӣ зиндонӣ ҳастанд, ки ба нисфе аз онҳо ҳабси абад ва ё ҳукми эъдом таҳдид мекунад.
Мунтақидон мегӯянд, аксар вақт аз қонунҳои Покистон дар мавриди куфргӯӣ суистифода мешавад.