Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президенти собиқи гумонбар ба "хиёнат ба давлат" ба кишвараш баргашт. Порошенкоро чӣ интизор аст? ВИДЕО


Петро Порошенко. Киев, 17-уми январи 2022
Петро Порошенко. Киев, 17-уми январи 2022

Петро Порошенко, президенти пешини Украина, ки дар кишвараш ба хиёнат ба давлат муттаҳам аст, вале худаш дорои ангезаҳои сиёсӣ медонад, аз Варшава ба Киев баргашт. Вай аз моҳи декабри соли гузашта дар хориҷа буд. Порошенко рӯзи 17-уми январ дар фурудгоҳи Киев ба садҳо ҷонибдораш гуфт: "Мо инҷо барои дифоъ аз Порошенко наомадем, барои пуштибонӣ аз Украина омадем."

Раиси ҷумҳури собиқ афзуд, "мо бояд муттаҳид шавем, то нишон диҳем, ки Украина метавонад, дар баробари таҷовузкориҳои Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия, истодагарӣ кунад."

Баъзе аз тарафдоронаш шиор доданд, ки "Аз саркӯб даст кашед". Бюрои давлатии таҳқиқот дар Украина гуфт, кӯшиш кардааст, ба президенти собиқи 56-сола даъватнома супорад. Интизор меравад, додгоҳи Киев рӯзи 17-уми январ дар мавриди Порошенко қарор қабул кунад.

Порошенко ба он муттаҳам аст, ки дар замони раёсати ҷумҳурияш ба ҷудоихоҳони тарафдори Русия дар шарқи кишвараш мадад кардааст. Вай ва ҳизби зери раҳбарияш иттиҳомро намепазиранд ва президенти ҳозира Владимир Зеленскийро ба таъқиби сиёсӣ муттаҳам мекунанд.

Петро Порошенко рӯзи 16-уми январ дар як нишасти хабарӣ дар пойтахти Лаҳистон гуфт, "ба Украина бармегардад, то барои кишвараш мубориза кунад, на ин ки бо Зеленский вориди ҷанг шавад." "Фикр мекунам, амали хеле бемасъулиятонаи раҳбарияти кунунӣ барои пароканда кардани кишвар ва аз байн бурдани ягонаӣ аст," -- гуфт ӯ ба хабарнигорон.

Наворро дар инҷо бинед:

Порошенко ба Киев баргашт ва мегӯяд, ба ватан хиёнат накардааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:12 0:00

Петро Порошенко соли 2014, дар авҷи эътирозҳо ва фирори раисиҷумҳури пешин Виктор Янукович, ба қудрат расид, вале соли 2019 интихоботро ба Владимир Зеленский бохт.

Русия дар замони раҳбарии ӯ Қрими Украинаро ғайриқонунӣ ба қаламрави худ шомил кард ва ба ҳимоят аз ҷудоихоҳон дар шарқи Украина идома дод. То кунун дар ҷангҳо дар шарқи Украина беш аз 13 ҳазор кас кушта шудаанд.

Мелинда Симмонс, сафири Бритониё дар Украина, рӯзи 17-уми январ дар Твиттер навишт, ки "ҳоло ҳамаи раҳбарони сиёсии Украина бояд алайҳи таҷовузи Русия муттаҳид шаванд."

Киев ва ҳомиёни ғарбияш мегӯянд, Русия дар ҳафтаҳои охир даҳҳо ҳазор сарбози худро дар сарҳад бо Украина ҷойгир карда, эҳтимол ба ҳамла омодагӣ мебинад. Маскав инро рад кардааст.

XS
SM
MD
LG