Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Толибон ваъдаи нав доданд, духтарони Афғонистон чандон бовар надоранд


Духтарони навраси афғон ҳангоми бозгашт аз мактаб ба хона.

Аз бозгашти Толибон ба қудрат дар Афғонистон ва бастани дари мактабҳо ба рӯи духтарон тақрибан 5 моҳ мегузарад ва ҳоло ҳукумати Толибон гуфтаанд, ки cоли нави таҳсил дари мактабҳо ба рӯи тамоми духтарон боз хоҳад шуд. Ҷомеаи байналмилалӣ, ки ҳукумати Толибонро ба расмият намешиносад, аз ин гуруҳ хостааст, ба ҳуқуқи занону духтарон эҳтиром бигузоранд, ба онҳо иҷозаи таҳсилу кор бидиҳад.

Толибон баъди омадан ба қудрат дар моҳи август дигарбора қавонини сахтгиронаи шариат ва қоидаҳои иртиҷоии худро дар Афғонистон ҷорӣ карданд ва духтарони болотар аз синфи 6-ро аз ҳаққи таҳсил маҳрум намуданд. Занонро ҳам аз ҳаққи кор дар муассисаҳои зиёде маҳрум сохтанд.

Ҳоло мақомоти ҳукумати Толибон мегӯянд, то соли нави таълимӣ шароитро барои бозгашти тамоми духтарон ба мактаб фароҳам месозанд. Азиз Аҳмад Роён, раиси Идораи нашарот ва огаҳӣ дар вазорати маорифи Толибон дар ин бора ба Радиои Озодӣ гуфт: “Иморати исломӣ бо таҳсили духтарон кадом мушкиле надорад, аммо барои эҷоди як тарҳу як система, таҳсил дар макотиби духтарона муваққатан қатъ шудааст. Умедвориҳои зиёде вуҷуд дорад, ки бо оғози соли нави таҳсил ин тарҳ такмил шавад ва духтарону писарон ба мактаб баргарданд.”

Ин намояндаи Толибон нагуфт, ки тарҳ чӣ гуна аст ва кай такмил мешавад. Дар Афғонистон соли нави таҳсил, бо фаро расидани соли нави хуршедӣ ва ё Наврӯз дар рӯзи 22-уми март оғоз меёбад. Дастурҳои Толибонро вилоятҳои Афғонистон ба навъи худ иҷро мекунанд ва ба истиснои 10 вилоят дар бақияи 34 вилояти дигар духтарони болотар аз синфи 6 мактаб намераванд. Айни замон дар Кобул макотиби хусусӣ ва донишгоҳҳо кори худро идома медиҳанд, вале аксарияташон хурд ҳастанд ва синфҳои духтарон аз писарон ҷудост.

"Мехонанд, вале аз ҳам ҷудо ва дар синфҳои алоҳида"

Забеҳулло Муҷоҳид, сухангӯи ҳукумати Толибон низ зимни суҳбат бо хабаргузории Ассосиэйтед Пресс гуфтааст, ки ҳукумати онҳо саъй мекунад, то замони соли нави таҳсил мактабҳо ба рӯи духтарон дубора боз шавад. Ба гуфтаи ӯ, бояд синфҳои духтарон аз писарон аз ҳам ҷудо бошанд. Ба қавли Забеҳулло Муҷоҳид, набуди хобгоҳҳои духтарона ва синфҳои кофӣ дар мактабҳо мушкили асос барои таҳсили духтарон аст.

Толибон борҳо дар бораи иҷозаи таҳсил додан ба духтарон хабар додаанд, аммо то кунун ваъдаашонро амалӣ накардаанд. Ҷомеаи байналмилалӣ низ ба ин ваъдаҳо шубҳа дорад ва гуфтааст, ки нисбат ба Толибон аз рӯи амалкардҳояшон қазоват мекунад, на ваъдаҳои холӣ.

Гирифтани ҳаққи таҳсил аз духтарон борҳо сабаби раҳпаймоиву эътирози занон дар Афғонистон шудааст ва ҳомиёни ҳуқуқу ҷомеаи байналмилал бо онҳо ҳамсадо шудаанд ва мехоҳанд, Толибон дари мактабу донишгоҳҳо барои духтарон боз кунанд.

Мужда барои духтарони муштоқи таҳсил?

Шояд ваъдаи нави Толибон барои духтарони мунтазири рафтан ба мактаб беҳтарин мужда бошад. Тайиба, як навраси афғон, ки синфи 12 аст, ба Радиои Озодӣ гуфт, баста мондани дарҳои мактаб ба рӯи онҳо ҷафои бузурге дар ҳаққи онҳост: “Ба унвони як донишҷӯ, ки феълан ман аз мактаб маҳрум ҳастам, аз давлати Иморати Исломӣ мехоҳам, ки ҳарчӣ зудтар ба тарафи духтароне, ки ҳануз мактаб рафта наметавонанд, боз кунанд, то онҳо битавонанд, ба дарсҳои худ бирасанд. Хусусан барои касоне, ки соли охирашон аст ва бояд имтиҳон супоранду барои донишгоҳ омода шаванд.”

Ҳоҷира, ки синфи 10 мехонд, умедвор аст, ки Толибон ин дафъа ба аҳдашон вафо мекунанду ба онҳо иҷозаи бозгашт ба дарсу таҳсил медиҳанд, вале ба онҳо боварии зиёде надорад: “Хости мо аз Толибон ин аст, ки мактабҳоро ба рӯи мо боз кунад, то мо монанди писарон дарс хонем. Қаблан ҳам Толибон гуфта буданд, ки мактабро ба рӯи духтарон боз мекунанд, вале то ҳоло боз накардаанд.”

Толибон дар аҳди аввали ҳукуматдориашон дар солҳои 90-ум дар Афғонистон тамоми мактабҳоро ба рӯи духтарон бастанд ва занонро аз ҳаққи кор дар берун аз хона ва дар муассисаву идораҳо маҳрум карданд. Ҳукумати пешини Афғонистон гуфтааст, ки аз миёни 7 миллион муҳассил дар кишвар тақрибан 3 миллион нафари онҳо духтарон ҳастанд. Миллионҳо нафаре, ки акнун Толибон гуфтаанд, то ду моҳи дигар яъне 22-уми март ба онҳо ҳаққашонро бармегардонанд. Ваъдае, ки шакку шубҳа дар бораи иҷро шудани он бисёр зиёд аст.

Шарҳҳоро бинед (1)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.
XS
SM
MD
LG