Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Магар Толибон дигар ва “раҳмдил” шудаанд? Мардум мегӯянд, на.


Ин додраси Толибон аст, ки дар пеши чашми мардум ин занро дар вилояти Ғӯр ҷазо медиҳад. Акс аз 31-уми августи соли 2015 аст. Мардум мегӯянд, ҳануз ҳам ин корашон идома дорад.

Толибон иддао доранд, ки дигар он гуруҳи бераҳме нестанд, ки соли 1990 дар Афғонистон ҳукумат меронданд ва барои ситам ба занон ва қатли аққалиятҳои қавмиву мазҳабӣ дар назари ҷомеаи байналмилалӣ манфур шуда буданд.

Ин гуруҳи тундрав ҳоло саъй дорад, аз худ як симои мусолиҳаҷӯе нишон бидиҳад, чунки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико талошҳо барои хатми ҷанги 19-солааш дар Афғонистонро зиёдтар кардааст ва мехоҳад, Толибону ҳукумат бо гуфтугу роҳи ҳалли муноқишаро пайдо кунанд.

Афғонҳое, ки ҳоло дар минтақаҳои зери назари Толибон зиндагӣ мекунанд, мегӯянд, ин гуруҳ ҳамчунон ба ақидаҳои ифротгароёнаи исломиаш содиқ аст ва бо истифода аз таҳдиду тарсонидан ва ваҳшигарӣ ҳукумат мекунад. Онҳо мегӯянд, Толибон қонунҳои зиёди саркӯбгароёнаро дар манотиқи таҳти назораташон ҷорӣ кардаанд ва сиёсатҳояшон айни сиёсатҳои ақибмондаест, ки солҳои 1996-2001 дар Афғонистон пеш мебурданд. Дар ноҳияҳое, ки Толибон ҳастанд, занҳо ҳаққи берун рафтан аз хона надоранд, озодии сухан нест ва шаллоқ задану қатл дар мазҳари ом ҷазоҳои роиҷ мондааст.

“Толибон нагузоштанд, ба мактаб равад”

Дар замони ҳукмрониашон Толибон ҳаққи таҳсилро аз духтарон гирифтанд, дари тамоми мактабҳоро ба рӯи онҳо бастанд. Фақат мактабҳои ибтидоиро боз гузоштанд, ки дар онҳо низ фақат духтарони хурдсол ва танҳо дарси Қуръон мехонданд. Айни сиёсатро дар мактабҳои писарона дар минтақаҳои таҳти назораташон пеш мебаранд.

Дар шаҳрҳои Афғонистон миллион духтар ба мактабҳо баргаштаанд, ҳоло метарсанд, аз ҳуқуқи худ маҳрум нашаванд.
Дар шаҳрҳои Афғонистон миллион духтар ба мактабҳо баргаштаанд, ҳоло метарсанд, аз ҳуқуқи худ маҳрум нашаванд.

Дар баъзе ҳолат, Толибон баъди муроҷиату талабҳои мардуми маҳаллӣ иҷоза додаанд, ки духтарон дарс хонанд, вале ба ин шарт ки сиёсати мактабро ҳамон фармондеҳи Толибон дар минтақа таъйин кунад. Дар чанд соли гузашта, Толибон мегуфтанд, ки аз духтаронро аз ҳаққи таҳсилу корро намегиранд, вале ба ин шарт, ки онҳо “арзишҳои исломӣ ва афғониро” помол накунанд. Айни замон инро ҳам гуфтаанд, ки мехоҳанд, озодиҳои занонро маҳдудтар кунанд, чун ин озодиҳо сабаби ривоҷи “фисқу фуҷур” шудааст.

Теъдоди зиёде аз афғонҳое, ки дар минтақаҳои таҳти назорати Толибон зиндагӣ мекунанд, ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки сиёсати ин гуруҳ дар баробари таҳсили духтарон дар 20 соли гузашта тағйире накардааст. Дар баъзе ноҳияҳо таҳсили духтарон ба тамом манъ аст, дар дигар ноҳияҳо бо маҳдудиятҳои зиёде вуҷуд дорад.

Шукуфа, як сокини ноҳияи Чора, дар вилояти ҷанубии Урузгон, ки дар дасти Толибон аст, мегӯяд: “Духтари ман 10-сола буд, ки Толибон дигар нагузоштанд, ба мактаб равад. Мо мехостем, духтарамон таҳсил кунад ва табиб, ё муҳандис шавад, вале онҳо намонданд, ки духтарони ман ба мактаб раванд.” Ӯ, ки модари 13 фарзанд аст, аз тарси Толибон нахост, номи воқеишро ифшо шавад.

Оилаи Шукуфа аз Чора ба шаҳри Тиринкот маркази маъмурии вилояти Урузгон кӯч баст, ки онро ҳукумати марказии Афғонистон зери назорат дорад. Дар ин шаҳр ба гуфтаи худаш, духтаронаш дарс мехонанд.

Нисор, як сокини ноҳияи Данғоми вилояти шарқии Кунар, ки қисме аз онро Толибон гирифтаанд, ба Радиои Озодӣ гуфт: “Дар инҷо мактаб фақат то синфи 6 аст.” Ба гуфтаи ӯ, маҳдудиятҳову қоидаҳои Толибон ба ақидаҳои муҳофизакоронаву иртиҷоии мардуми таҳҷоӣ мутобиқат мекунад: “Дар инҷо анъана аст, ки ба духтарон иҷоза намедиҳанд, баъди синфи 6 таҳсилро идома диҳанд. Толибон ҳам намехоҳанд, ки духтарон баъди синфи 6 ба мактаб раванд.” Нисор ҳам аз бими Толибон нахост, ки номи воқеиаш ошкор шавад.

Толибон дар кадом минтақаҳо нуфуз доранд?

Пайравӣ ва садоқати Толибон ба ақидаҳои иртиҷоии ислом ва қоидаҳои зиндагии он қабилаҳои паштун, ки дар манотиқи зери назари онҳо зиндагӣ доранд, мутобиқат мекунад. Ин минтақаҳо асосан деҳоти дурдаст ҳастанд, ки ҷабри зиёди ҷангро кашидаанд ва зиндагӣ дар онҳо бисёр кам беҳбуд ёфтааст. Аммо ақидаҳои иртиҷоии Толибону қоидаҳои қабилавӣ дар шаҳрҳои Афғонистон, ки пас аз суқути Толибон ва дар 19 соли гузашта, тағйироти иқтисодиву иҷтимоӣ ва демографии зиёд доштааст, дигар бегонаанд ва тарафдори бисёр кам доранд.

Миллионҳо духтар дар шаҳрҳои бузурги Афғонистон ва деҳоти зиёде дар шимолу марказ, ки дар дасти ҳукумат аст, ба мактабҳо баргаштаанду таҳсил мекунанд. Ҳоло Толибон иддао мекунанд, ки тақрибан нисфи қаламрави Афғонистон зери дасти онҳост. Ҳукумат шаҳри Кобул, марказҳои маъмурии вилоятҳо ва марказҳои бисёре аз ноҳияҳоро зери назорат дорад. Толибон манотиқи васеъи дурдасту деҳот ва бахусус навоҳии паштунишин дар ҷануб ва шарқи Афғонистонро дар даст доранд.

Афғонистони таҳти назорати Толибон дар соли 1996. Занҳо бояд чунин либос мепӯшиданд.
Афғонистони таҳти назорати Толибон дар соли 1996. Занҳо бояд чунин либос мепӯшиданд.

Вақте ҳукумат дар дасташон буд, Толибон занонро маҷбур карданд, бурқаъ бипӯшанд, ки аз сар то ба ангушатонро мепӯшонад, намегузоштанд, ки аз хона берун омада, кор кунанд. Агар меомаданд, бояд ҳатман шавҳар ва ё яке аз мардони оила ҳамроҳашон мебуд. Ҳамин талабот ҳоло ҳам дар тамоми манотиқи таҳти назорати Толибон ҳаст.

Абдул Муҳаммад, сокини ноҳияи Гиро дар вилояти Ғазнӣ аст, ки Толибон дар он ҳукумат мекунанд. Ӯ ба Радиои Озодӣ гуфт: “Аслан берун омадани занон аз хона манъ аст. Агар берун рафтанӣ бошанд, бояд яке аз мардони хона ҳамроҳашон бошад.” Ӯ, ки аз тарси Толибон нахост, номи воқеиаш ошкор шавад, афзуд: “Баъзе аз занон, ки дар замин кор мекунанд, метавонанд, сари киштзор бираванд, вале иҷоза надоранд, худашон танҳо ба бозор, ё рустои дигаре бираванд.”

Баъди соли 2001, ки Толибонро сарнагун карданд, занон дар манотиқи таҳти назари ҳукумат ба маҷлисҳои маҳаллӣ ва порлумон роҳ ёфтанд, дар идораҳои давлатӣ ва муассисаву ширкатҳои хусусӣ кор мекунанд. Ҳоло бисёре аз занони афғон метарсанд, шояд аз ҳуқуқе, ки Қонуни асосӣ ба онҳо додааст, барои расидан ба сулҳ ва дар музокирот бо Толибон маҳрум шаванд. Бар асоси ин қонун, занон бо мардон ҳаққу ҳуқуқи баробар доранд, агарчӣ дар амал зулму зӯроварии зиёд мебинанд.

“Шаллоқ дар пеши чашми мардум”

Ҳангоми ҳукмронӣ дар Афғонистон, Толибон қонунҳои иртиҷоии шариатро ба кор мебурданд ва масалан афроди муттаҳам ба ҷиноятеро сангсор мекарданд ва ё дар пеши чашми мардум мекуштанд. Дасти муттаҳамон ба дуздиро мебуриданд, онҳоеро, ки ба хӯрдани машрубот муттаҳам шудаанд, шаллоқ мезаданд ва касеро, ки ба зинокорӣ гунаҳкор медонистанд, сангсор ва ё тирборон мекарданд.

Ингуна ҷазо додан зиёд буд. Майдони футболи Ғозӣ дар Кобул, ба ҷойи тамошои футболбозӣ ба майдони тамошои қатл ва ба як рамзи бераҳмии Толибон табдил ёфт. Толибон ҳанӯз ҳам аз истифодаи ин ҷазоҳои бераҳмона дар манотиқи зери назораташон даст накашидаанд.

Толибон Рухшонаро барои иртиботи ҷинсӣ пеш бо ҷавоне, ки бояд шавҳараш мешуд, рӯзи 25-уми октябри соли 2015 дар вилояти Ғӯр сангсор карда куштанд.
Толибон Рухшонаро барои иртиботи ҷинсӣ пеш бо ҷавоне, ки бояд шавҳараш мешуд, рӯзи 25-уми октябри соли 2015 дар вилояти Ғӯр сангсор карда куштанд.

Афзал, як сокини Каҷакӣ, ноҳияе дар вилояти ҷанубии Ҳилманд, ки қисми зиёдаш дар дасти Толибон аст, мегӯяд, ки худаш шоҳиди ин ҳол буд: “Мо дидем, ки одамонро шаллоқ мезаданду латукӯб мекарданд. Ҳама қарорҳояшонро бар асоси қонунҳои шариат қабул мекунанд.”

Афзал мегӯяд, Толибон чанде пеш як нафареро барои дуздии мотосикле дар бозор дастгир карданд. Ба гуфтаи ӯ, додгоҳи Толибон амр додааст, ки чеҳраи ӯро сиёҳ кунанд ва дар атрофи бозор бигардонанд, то ба дигарон дарси ибрат шавад.

Афзал мегӯяд: “Толибон рӯи ӯро бо равғани мошин сиёҳ карданд, дар паси мошин шинонданду дар атрофи тамоми бозор давр заданд. Баъдан шаллоқаш заданду раҳояш карданд. Анварулло, сокини Зурмат, як ноҳияи вилояти ҷанубушарқии Пактиё, ки аксаран зери дасти Толибон аст, мегӯяд, ин гуруҳи ифротӣ як додгоҳи саҳроӣ дорад, ки русто ба русто гашта, парвандаҳоро баррасӣ мекунад.

Ӯ мегӯяд: “Баъзе аз мардум аз кори ин додгоҳҳо хушҳоланд, чун зуд қарорашонро қабул мекунанд ва аз тарафҳои даъво ришва намегиранд.” Баъзеҳо барои ҳамин ба додгоҳҳои Толибон муроҷиат мекардаанд, чун дар назарашон идораҳои давлатӣ фосид ва номуътабар ҳастанд. Агарчӣ муҳокимаҳо ба шеваи Толибон ба баъзеҳо маъқул будааст, вале айни замон эътироф мекунанд, ки онҳо нисбат ба занон беадолатӣ мекунанд. Анваруллоҳ мегӯяд: “Бисёр вақт Толибон занонро барои он муҳокима кардаанд, ки касе ба онҳо туҳмат задааст. Онҳоро мезананд ва бар асоси дигар қоидаҳои шариат ҷазо медиҳанд. Ин беадолатӣ ба занон аст.”

Сангсор кардани як духтар дар вилояти ғарбии Ғӯр дар соли 2015-ро, ки гӯё қабл аз издивоҷ бо дӯстписараш иртиботи ҷинсӣ доштааст, кори дасти Толибон медонанд. Сангсор кардан барои зино бар асоси қонунҳои Афғонистон манъ аст, вале касеро, ки “зино” кардааст, ба солҳои дарози зиндон маҳкум мекунанд. Кодекси Ҷиноии Афғонистон, ки соли 1976 қабул шудааст, барои ҳеч гуноҳе сангсор таъйин накардааст. Дар Қонуни Асосии Афғонистон омадааст, ки “ҳеч қонуне набояд бар хилофи эътиқодот ва қоидаҳои дини муқаддаси ислом бошад.” Ба назар мерасад, ки ин банд ба дигар бандҳои демократӣ ва озодандешонаи худи Қонуни Асосӣ дар мухолифат аст.

Манъи истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ

Толибон соли 2016 тамоми ҷангҷӯёни худро аз ҳаққи истифодаи телефонҳои ҳушманд маҳрум карданд ва гуфтанд, ки сабаби ин амр амниятӣ ва динист. Аз ҳамон замон айни қоидаро дар манотиқи таҳти назарашон ҷорӣ карданд, ҳарчанд дар бисёре аз ҷойҳо доштани телефони ҳамроҳро нодида мегиранд, чун дигар роҳи иртибот вуҷуд надорад. Яке аз сабабҳои аслии манъи истифодаи телефонҳои ҳушманд ин буд, ки хатари ҳадафи дронҳои Амрико қарор гирифтан ва ё назорат бар ҳаракати Толибон зиёд шуд.

Толибон ҳамчунин барои он аз телефонҳои ҳамроҳ метарсанд, ки мардум метавонанд, ба воситаи онҳо, ба хабарҳои дуруст дастрасӣ пайдо кунанд, аксу видео бигиранд ва ё дар бораи ҷой ва фаъолиятҳои Толибон хабар бидиҳанд. Дар замони Толибон фаъолияти тамоми расонаҳои мустақил манъ буд, вале худашон рӯзнома доштанд. Радиои Шариат ҳам минбари онҳо буд, ки фақат мардумро ба намоз хондан даъват мекарду ваъз мегуфт.

Шунидани мусиқӣ ва тамошои телевизион ҳам манъ буд

Ҳарчанд дар аввал Толибон аз фанновариҳои навин ҳазар мекарданд, ҳоло роҳҳои таблиғ аз тариқи онҳоро хуб омӯхтаанд. Ин гуруҳ айни замон бо истифода аз расонаҳои маъмулӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла вебсайтҳо бо забонҳои гуногун, видео ва баёниҳои худро пахш мекунад. Бо вуҷуди ин истифодаи мардум аз шабакаҳои иҷтимоӣ дар минтақаҳои зери назорати Толибон манъ аст ва онҳо ҳеҷ гуна дигарандешиву норизоиятиро таҳаммул намекунанд.

Ин гуруҳи тундрав дар чанд соли гузашта даҳҳо хабарнигорро барои гузоришҳои танқидиашон дар бораи Толибон куштааст ва ба расонаҳои мустақил таҳдид кардааст. Амонулло, сокини ноҳияи Шоҳид Ҳассос дар вилояти Урузгон, ки зери дасти Толибон аст, мегӯяд, баъди чанд навиштаи танқидиаш дар Фейсбук аъзои ин гуруҳ хашмгин шуда ва ба сараш омадаанд: “Толибон аввал ба ман таҳдид карданд, вале тан надодам. Баъдан маро боздошт карда ва барои навиштаҳоям дар Фейсбук заданд. Ман ба онҳо гуфтам, ки шумо мардумро озор медиҳед, ғайриқонунӣ аз онҳо боҷ меситонед, маҷбур мекунед, ба ҷангҷӯёни шумо хӯрок диҳанд.” Амонуллои 23-сола баъди ин аз тарси Толибон ба шаҳри Тиринкот, маркази маъмурии вилояти Урузгон гурехтааст.

Самиуллоҳ, ҷавони дигарест, ки дар як созмони ғайриҳукуматӣ дар ноҳияи Нодиршоҳ Коти вилояти ҷанубушарқии Хӯст зиндагӣ мекунад. Ин ноҳия ҳам дар дасти Толибон аст. Ӯ ва шариконаш аксҳои корашонро дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр карда ва ба “бало гирифтор шудаанд.”

Ӯ мегӯяд: “Маро раҳбарони Толибон дар ноҳия ба назди худ хонданд. Ба ман гуфтанд, ки агар корҳои ҷамъиятиамонро идома диҳем, рӯзи моро сиёҳ мекунанд.” Самиуллоҳ аз тарс аз созмон хориҷ шуда ва корҳои ҷамъиятиашро ҳам бас кардааст.

Шарҳҳоро бинед (6)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG