Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вакили афғон мегӯяд, ҷангҷӯёни тоҷику узбек омадаанд, то дар марз "лона" созанд


Ин пул Дарвози Тоҷикистонро бо ноҳияи Нусайи Афғонистон мепайвандад.
Ин пул Дарвози Тоҷикистонро бо ноҳияи Нусайи Афғонистон мепайвандад.

Қарор аст, то ду ҳафта баъд дар шаҳри Истанбул нишасте барои хатми ҷанг ва расидан ба сулҳ дар Афғонистон баргузор шавад. Аммо ҳазорон километр дуртар аз ин шаҳри Туркия дар Вилояти Бадахшони ҳамсоя бо Тоҷикистон хабаре аз сулҳ нест.

Муҳаммадзикриёи Савдо, раиси вилояти Бадахшон, ба Радиои Озодӣ гуфт, ки бо расидани баҳор ба ин сарзамин ҷангҷӯёни Толиб амалиётҳои ҷангиро дар 10 ноҳияи вилоят ва маркази вилоят оғоз кардаанд. Ӯ рӯзи 3-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт: “Дар вулусволиҳои (ноҳияҳо) гуногун Толибон амалиёт оғоз кардаанд, вале хушбахтона онҳо дар ин ҳар амалиёт талафот доданд ва шикаст хӯрданд. Дар вулусволии Роғ, Кишун, Тагоб, Ҷирм, Вардуҷ ва дигар вулусволиҳои марзӣ. Бахусус онҳо дар атрофи шаҳри Файзобод амалиёт оғоз карданд ва хушбахтона ҳамон омодагиҳое, ки барои раъфи ҳамлаҳои инҳо буд, натиҷа дод.”

Башир Самим, раиси Шӯрои вилоятии Бадахшон, мегӯяд, ки ҷангҷӯёни хориҷӣ дар канори ҷангҷӯёни дохилӣ майдонҳои набардро дар ин вилоят доғтар кардаанд. Ӯ ба Радиои Озодӣ чунин ҷузъиёт дод: “Ҳузури атбои хориҷӣ, террористони байналмилалӣ, ки дар Бадахшон дар се чаҳор нукта, дар Роғистону Вардуҷ Ҷирм ҳаст. Онҳо шаҳрвандони кишварҳои ҳамсоя ба мисли Чину Тоҷикистону Узбекистону инҳо ҳастанд. Барои онки ба сарҳадҳои кишварҳояшон роҳ пайдо кунанду наздик шаванд, табиатан мехоҳанд, баъзе роҳҳоро бишкананду минтақаро ноамн кунанд, то як лонаи амн барои худашон бисозанд. Ва ин қатъан мояи нигаронӣ аст.”

Аммо Толибон гуфтаҳои раиси Шӯрои вилоятии Бадахшон дар бораи ҳузури ҷангҷӯёни тоҷику узбеку чиниро рад мекунанд. Маликаҳмади Кушон, сокини ноҳияи Роғистони Бадахшон аст. Ӯ, ки ба маркази Бадахшон шаҳри Файзобод омадааст, мегӯяд, ҳамлаҳои чанд рӯзи пеши Толибон бар зиндагии мардуми оддӣ беш аз пеш таъсир гузоштааст: "Мардум зарар мебинанд, кӯдакон аз таҳсилу таълим мемонанд. Дарҳои мактабҳо баста ҳастанд. Чанд рӯз қабл ба сари неруҳои амниятӣ ҳамла карда, чаҳор нафарро куштанд. Ду нафари дигарро захмӣ карданд.”

Амалиёт барои поккории Нусайи ҳамсоя бо Дарвози Тоҷикистон

Низомиёни афғон мегӯянд, барои рафъи ҳамлаҳо ва маҳви ҷангҷӯёни Толиб, ки ҳамасола дар фасли баҳор фаъол мешаванд, омода ҳастанд. Абдулманоф Назарӣ, сухангӯи Сипоҳи дуввуми пиёдагарди артиши миллии Афғонистон дар Бадахшон аст. Ӯ ба хабарнигори Радиои Озодӣ гуфт, ки неруҳои амниятӣ ва артиш аз рӯзи 3-уми апрел амалиёт барои поккории минтақа аз ҳузури Толибон ва ҷангҷӯёни хориҷии шарики онҳоро аз ноҳияи Нусай оғоз кардаанд. Дар ноҳияе, ки моҳи феврал ба гуфтаи мақомоти Афғонистон 9 ҷангҷӯ ва ҷумла 2 ҷангҷӯи тоҷик кушта шуданд.

Инҷо дар як тараф Нусай ва тарафи дигар Дарвози Тоҷикистон аст.
Инҷо дар як тараф Нусай ва тарафи дигар Дарвози Тоҷикистон аст.

Нусай дар наздикии ноҳияи Дарвози Тоҷикистон аст. Абдулманоф Назарӣ гуфт: “Рӯзи гузашта (3-уми апрел) неруҳои дифоӣ ва амниятӣ бо ҳимояти қувваҳои ҳавоии кишвар болои посгоҳҳои сарикӯҳии Толибон дар ноҳияи Нусайи Бадахшон амалиёт раҳандозӣ карданд. Дар натиҷаи ин амалиёт, 16 Толиб кушта шуд, се блокпости мустаҳками онҳоро вайрон карданд ва ҷасадҳои 9 тани онон бо аслиҳаву таҷҳизот ба дасти неруҳои дифоӣ ва амниятӣ афтоданд.”

Забеҳулло Муҷоҳид, сухангӯи Толибон дар тамоси телефонӣ бо бахши дарии Радиои Озодӣ амалиёт дар Нусайро тасдиқ кард. У гуфт, ки дар амалиёт дар Нусай ба сарбозони афғон, неруҳои ҳавоии Амрико кумак расонидаанд. Мақомоти Амрикову Афғонистон ҳануз дар ин бора чизе нагуфтаанд.

Шаби 24-уми феврал низ миёни мухолифони ҳукумат ва нерӯҳои давлатӣ дар ин минтақа даргирии сахт ба вуқӯъ пайваст. Ба гуфтаи мақомоти маҳаллӣ, дар ин даргирӣ аз ҷониби нерӯҳои давлатӣ 3 тан куштаву 11 нафар захмӣ ва аз тарафи мухолифин 9 нафар кушта ва 22 нафар маҷрӯҳ шудаанд. Дар миёни кушташудаҳо 2 ҷангҷӯ аз Тоҷикистон низ будаанд. Эшони Зайналобиддин, раиси ноҳияи Нусай гуфт, ҷангҷӯёни тоҷик Муҳаммад Юнус ва Ҳузайфа лақаб доштаанд.

Нигаронӣ аз сирояти ноамнӣ ба Тоҷикистон

Мақомоти Тоҷикистон пайваста аз наздик омадани ҷангҷӯён ба марзи кишвар изҳори нигаронӣ мекунанд, чун бим доранд, ки ноамнӣ ба Тоҷикистон ҳам сироят накунад. Айни замон мегӯянд, ки неруҳои кишвар тавони муқобила бо ҳаргуна гуруҳҳои ифротгарову террористиро доранд.

Дар гузашта борҳо наворҳое аз ҳузури ифротгароёни тоҷик дар манотиқи наздимарзии Афғонистон бо Тоҷикистон нашр шудаанд. Марзи байни ду кишвар бештар аз 1300 километрро ташкил медиҳад ва бо вуҷуди кӯҳиву душворгузар будани бисёре аз қисматҳои он, гӯшаҳои осонгузаре дар он вуҷуд дорад.

Рӯзи 29-уми март, Ашраф Ғанӣ, раиси ҷумҳури Афғонистон дар Душанбе буд ва ҳангоми мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон роҳҳои расидан ба сулҳ дар кишвараш ва ҳамкориҳои иқтисодии дуҷонибаро баррасӣ кард.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG