Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шумори гирифторон ба COVID-19 дар дунё 55% афзудааст


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Дар як ҳафтаи охир бештар аз 15 миллион кас дар саросари дунё ба коронавирус гирифтор шудаанд. Ин нишондоди болотарин дар тамоми давраи мавҷудияти коронавирус аст.

Ба фарқ аз як ҳафтаи пеш теъдоди гирифторон 55 дарсад афзуда, шумори маргу мир тақрибан тағйир наёфтааст. Дар ин бора Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ хабар медиҳад.

Ба иттилои созмон, ба ҷуз аз Африқо, минтақаҳои дигари дунё аз афзоиши гирифторӣ хабар додаанд. Дар Ҷанубу Шарқи Осиё теъдоди гирифторон якбора 400 дарсад боло рафтааст.

Афзоиши якбораи гирифторӣ ба коронавирус ба паҳншавии навъи "омикрон" рабт дорад. Ин навъи коронавирус бори аввал охири моҳи ноябри соли 2021 дар Африқои Ҷанубӣ сабт шуд.

Бино ба пешбиниҳои Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ, дар 6-8 ҳафтаи оянда бештар аз нисфи аҳолии Аврупо ба навъи ҷадиди коронавирус гирифтор хоҳанд шуд.

XS
SM
MD
LG