Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сатҳи об дар обанбори Токтогули Қирғизистон аз 10 млрд метри мукааб камтар шуд


Обанбори Токтогул дар Қирғизистон.
Обанбори Токтогул дар Қирғизистон.

Дар обанбори Токтогули Қирғизистон рӯзи 11--уми январ сатҳи об ба 9,8 млрд метри мукааб расид. Ин пойинтарин сатҳ дар чанд соли охир дар обанбори Токтогул аст. Як соли пеш сатҳи об дар Токтогул 11,7 млрд метри мукаабро ташкил медод.

Дар соли 2021 сатҳи об дар обанбори Токтогули Қирғизистон ба пойинтарин сатҳ расид ва буҳрони энержиро дар он кишвар ба вуҷуд овард. Доскул Бекмурзоев, вазири энержии Қирғизистон моҳи ноябри соли 2021 гуфта буд, ки бо назардошти талаботи сокинон ба неруи барқ, мумкин аст, сатҳи об дар Токтогул то 1 апрели соли 2022 ба 7 млрд метри мукааб хоҳад расид. Ин нишондод наздик ба сатҳе хоҳад буд, ки мумкин аст, неругоҳи Токтогул аз кор монад.

XS
SM
MD
LG