Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марги шаҳрванди дувуми Қирғизистон дар ҳодисаҳои Қазоқистон тасдиқ шуд


Марги дувумин шаҳрванди Қирғизистон дар ҳодисаҳои Қазоқистон тасдиқ шуд. Дар ин бора Кумитаи давлатии амнияти миллии (КДАМ) Қирғизистон хабар дод. Ба иттилои ин ниҳод, бо хешовандони фавтида тамос барқарор шудааст. КДАМ-и Қазоқистон иттилои дигар надодааст.

Пештар аз ин расонаҳо аз марги як шаҳрванди дигари Қирғизистон хабар дода буданд. Достон Дуйшекеев, сафири Қирғизистон дар Қазоқистон гуфт, шаҳрванди кушташудаи Қирғизистон дар шаҳри Алмато дар як толори варзиш кор мекард. "Шахсияти фавтида ва дигар мушаххасоти вай муайян карда мешавад. Ҷасадаш ба Қирғизистон ирсол хоҳад шуд", - гуфт сафир.

Сафир афзуд, мақомоти Қазоқистон хабар намедиҳанд, ки дар ҳаводиси охири Қазоқистон чанд тан аз шаҳрвандони Қирғизистон боздошт шудааст.

Дар ҳамин ҳол, шумори дақиқи кушташудаҳо дар Қазоқистон дар натиҷаи, ба гуфтаи мақомоти он кишвар, "иқдоми террористӣ" то ҳол муайян нест. Расонаҳо рӯзи 9 январ аз марги 164 кас хабар доданд. Аммо вазорати ҳифзи тандурустии Қазоқистон ин иттилоъро рад кард.

Рӯзи 9 январ мақомоти Қазоқистон аз боздошти наздики 6 ҳазор кас, дар натиҷаи амалиёти таъмини бехатарӣ дар саросари Қазоқистон, хабар доданд. Вазорати корҳои дохилии Қазоқистон гуфт, миёни боздоштшудаҳо "шаҳрвандони кишварҳои ҳамсоя" низ ҳастанд. Мақомоти Қазоқистон аз ҳеҷ кадом кишвари мушаххас ном набурданд.

XS
SM
MD
LG