Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таътили зимистонӣ барои хонандагон дар Узбекистон то 24 январ тамдид шуд


Яке аз мактабҳои Узбекистон. Акс аз бойгонӣ.
Яке аз мактабҳои Узбекистон. Акс аз бойгонӣ.

Вазорати маорифи халқии Узбекистон рӯзи 9-уми январ хабар дод, ки таътили зимистонӣ барои хонандагони мактабҳо то 24-уми январ тамдид шудааст.

Дар хабари вазорат омадааст, ки ин тасмим ба хотири ташкили давраҳои бозомӯзӣ барои омӯзгорон ва пешгирӣ аз паҳншавии зуком гирифта шудааст.

Вазорат гуфтааст, дар давраи таътил барои хонандагон озмунҳои онлайнӣ ташкил хоҳад кард.

Пештар хонандагон дар Узбекистон дар давраи зимистон то 11 январ истироҳат мекарданд.

Мақомоти он кишвар рӯзи 6 январ хабар дода буданд, ки донишҷӯён низ то 24 январ дар таътил хоҳанд буд.

XS
SM
MD
LG