Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар қуръакашии AFC-2022 “Истиқлол” дар сабади сеюм ҷой гирифт


Акс аз як бозии дастаи футболи "Истиқлол"
Акс аз як бозии дастаи футболи "Истиқлол"

Конфедератсияи футболи Осиё таркиби сабадҳоро барои қуръакашии марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2022 дар минтақаҳои Ғарб ва Шарқ дар сомонаи худ нашр кард.

Тибқи натоиҷи қуръакашӣ, ки рӯзи 17-уми январ баргузор мешавад, даҳ гурӯҳи иборат аз чаҳордастаӣ ташкил карда мешавад. Марҳилаи гурӯҳии мусобиқаи асосии бошгоҳҳои Осиё, тибқи тақвими AFC, дар минтақаи Ғарб дар шакли мутамарказ аз 10-ум то 26-уми май ва дар минтақаи Шарқ аз 15-уми апрел то 1-уми май барпо мегардад.

Қаҳрамони Тоҷикистон - «Истиқлол»-и Душанбе, ки соли гузашта ба даври 1/8-ниҳоии Лигаи қаҳрамонҳои AFC роҳ ёфта буд, дар мавсими нави мусобиқаи асосии бошгоҳҳои Осиё дар сабади сеюм ҷой гирифт.

“Истиқлол” бо бошгоҳҳои «Пахтакор» (Узбекистон), «Ал-Ваҳдат» (Урдун), «Мумбай Сити» (Ҳиндустон) ва «Аҳал» (Туркманистон) дар як сабад ҷойгир шуд, ки бо онҳо дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2022 рӯбарӯ нахоҳад шуд.

Таркиби сабадҳо барои қуръакашии марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2022:

Минтақаи Ғарб

Сабади 1-ум: "Ал-Садд” (Қатар), “Ал-Ҳилол” (Арабистони Саудӣ), “Фулод Хуҷистон” (Эрон), “Ал-Ҷазира” (Имороти Муттаҳидаи Араб), “Ал-Зуҳайл” (Қатар).

Сабади 2-юм: “Ал-Файсалӣ” (Арабистони Саудӣ), “Сипоҳон” (Эрон), “Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай” (Имороти Муттаҳидаи Араб), “Ал-Райян” (Қатар), “Ал-Шабоб” (Арабистони Саудӣ).

Сабади 3-юм: «Пахтакор» (Узбекистон), «Ал-Вахдат» (Урдун), «Мумбай Сити» (Ҳиндустон), «ИСТИКЛОЛ» (ТОЧИКИСТОН), «Аҳал» (Туркманистон).

Сабади 4-ум: «Эйр Форс» (Ироқ), ғолиби ҷуфти «Ал-Таавун» (Арабистони Саудӣ) – «Ал-Ҷаиш» (Сурия), ғолиби ҷуфти «Банияс» (Имороти Муттаҳидаи Араб) – «Насаф» (Узбекистон), ғолиби ҷуфти «Шарҷа» (Имороти Муттаҳидаи Араб) – «Ал-Завра» (Ироқ).

Минтақаи Шарқ

Сабади 1-ум: бошгоҳи якуми Чин, «Кавасаки Фронтале» (Ҷопон), «Чонбук Ҳёндэ Моторс» (Кореяи Ҷанубӣ), «Би Ҷи Патҳум Юнайтед» (Тайланд), бошгоҳи дуюми Чин.

Сабади 2-юм: «Урава Ред Даймондс» (Ҷопон), «Чоннам Дрэгонз» (Кореяи Ҷанубӣ), «Чианграй Юнайтед» (Тайланд), бошгоҳи сеюми Чин, «Иокагама Ф. Маринос» (Ҷопон).

Сабади 3-юм: «Юнайтед Сити» (Филиппин), «Китчи» (Ҳонконг), «Хоаган Зялай» (Ветнам), «Ҷоҳор Дарул Тазим» (Малайзия), «Лион Сити Сейлорс» (Сингапур).

Сабади 4-ум: «Мелбурн Сити» (Австралия), ғолиби ҷуфти бошгоҳи чоруми Чин – бошгоҳи сеюми Австралия/«Кайя Илоило» (Филиппин), ғолиби ҷуфти «Виссел Кобе» (Ҷопон) – бошгоҳи дуюми Австралия/«Шан Юнайтед» (Мянмар), ғолиби ҷуфти «Улсан Ҳёндэ» (Кореяи Ҷанубӣ) – «Порт» (Тайланд), ғолиби ҷуфти «Тэгу» (Кореяи Ҷанубӣ) – «Бурирам Юнайтед» (Тайланд).

XS
SM
MD
LG