Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Назарбоев ихтиёрӣ вазифаашро ба Тоқаев дод"


 Нурсултон Назарбоев ва Қосимҷомарт Тоқаев
Нурсултон Назарбоев ва Қосимҷомарт Тоқаев

Сухангӯи собиқи президенти Қазоқистон гуфтааст, ки Нурсултон Назарбоев вазифаи раиси Шӯрои амнияти миллиро ба ихтиёри худ ба Қосимҷомарт Тоқаев, раиси ҷумҳурии ин кишвар супурдааст.

Нурсултон Назарбоев, ки се даҳсола Қазоқистонро раҳбарӣ мекард, ду сол пеш аз мансаби президенти канор рафта буд, вале ҳамчун “Элбаси” (Пешвои миллат) раиси Шӯрои амниятро бар душ дошт.

Айдос Укибай, сухангӯи президенти собиқи Қазоқистон ба расонаҳои маҳаллӣ гуфтааст, ки тасмими канор рафтан аз раиси Шӯрои амниятро Нурсултон Назарбоев дар аввали моҳи январ дар авҷи эътирози оммавӣ гирифта буд.

Ба гуфтаи ӯ, “вазъ хеле вазнин буд”, аз ин рӯ Назарбоев тасмим гирифт, ки ба хотири барқарории тартибот ин масъулиятро ба Тоқаев диҳад.

Ӯ гуфт, ки Назарбоев ва Тоқаев ҳамандеш ҳастанд ва хабари ихтилофи назар миёни онҳо дурӯғ аст.

Ҳоло маълум нест, ки Нурсултон Назарбоев дар куҷо қарор дорад. Назарбоев дар Твитер навиштааст, ки дар Қазоқистон аст.

Аз оғози моҳи январ бо сабаби гаронии гази моеъ дар Қазоқистон мардум эътироз карданд. Ин эътироз дар Алмато ба хушунат печид ва дар даргириҳо даҳҳо нафар кушта ва захмӣ шудаанд. Президенти Қазоқистон гуфт, ки "террористон" ба ин кишвар ҳамла кардаанд. Кишварҳои узви СПАД, аз ҷумла Тоҷикистон барои назорати вазъ бо даъвати Қазоқистон ба ин кишвар нерӯ фиристодаанд.

XS
SM
MD
LG