Хабари нав

"Гапи Озод": Чӣ боиси эътирозҳо дар Қазоқистон шуд? ВИДЕО, САДО

Эътирози мардум ба зидди болоравии нархи гази моеъ дар Қазоқистон, ки рӯзи 2-юми январ оғоз шуд, ба тазоҳуроти зиддиҳукуматӣ табдил ёфт ва ба хунрезӣ печид. Раиси ҷумҳур Қосимҷомарт Тоқаев тазоҳургаронро "террорист" номид ва аз Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ мадад хост. Норозиён ислоҳоти сиёсӣ ва аз байн бурдани фасоду хешутаборбозиро талаб доранд.

Чӣ сабаб шуд, ки дар кишвари амнтарину сарватмандтарини Осиёи Марказӣ эътироз сар занад?

То куҷо эътирозҳо ба кишварҳои минтақа, аз ҷумла ба Тоҷикистон таъсир хоҳад дошт?

Баҳси имрӯзи “Гапи озод” ба ҳамин масъала бахшида мешавад ва меҳмонони барнома Боир Саидов, коршиноси минтақа аз беруни Тоҷикистон ва таҳлилгар Абдумалик Қодиров аз Душанбе даъват шудаанд.

Иқтибосҳое аз барнома:

  • “Ҳеч кас пешгӯӣ карда наметавонист, ки кай ва дар куҷо чунин ҳодиса рӯй медиҳад, вале... Назарбоев дар тӯли қариб 30 сол дар онҷо як ҳукумати хонаводагӣ сохт. Аксари бойгариҳо ва захираҳои кишвар ба дасти як гуруҳи хурди мардум расида буд ва фарқ байни қишрҳои ҷомеа хеле зиёд шуда буд.”
  • “Хеле аз сиёсатмадорону касоне, ки ман суҳбат доштам, ҳама шокӣ буданд. Яъне, касе бовар надошт, ки ин кор рух медиҳад. Чизе, ки то ин дараҷа рух дод, ин як фоҷиаи инсонист.”
  • “Воқеаҳои Қазоқистон нишон дод, ки кишварҳои пасошӯравӣ ҳеч соҳибихтиёрӣ ва истиқлоли комилро надоранд. Ҳамаи онҳо зери таъсири Русия ҳастанд ва Русия фақат метавонад, дар фазои тамоми кишварҳои пасошӯравӣ таъсири худро расонад.”
  • “Ҳукумати Тоҷикистон бояд аз ин ҳодиса барои худ як дарси ибрат бигирад. Мушкилоте, ки имрӯз ҷомеаи Тоҷикистон дорад, ҳамин рӯз бояд ҳал карда шавад ва набояд мунтазир шавем, ки мардум даст ба шӯришу бетартибиҳо зананд, баъд мо фикр кунем, ки чунин мушкилот вуҷуд доштааст.”
  • “Халқ мегӯяд, ки коррупсия нашавад, оромӣ ва арзонӣ бошад. Ришва, ришва, ришва дар ҷони халқ задааст."

Навори баҳсро дар инҷо тамошо кунед ва ёдатон наравад, ки бигӯед, чаро дар Қазоқистон эътироз сар заду ба хунрезӣ печид.

Гапи Озод: "Чӣ сабаби тазоҳурот дар Қазоқистон шуд?"

Феълан кор намекунад

Барномаро дар Ютюб бинед:

Садоро дар инҷо бишнавед:

Сабаби эътирозу беназмӣ дар Қазоқистон чист?

Феълан кор намекунад

Линки мустақим
  • Акси 16x9

    Мирзонабии Холиқзод

    Аз соли 1995 дар Радиои Озодӣ кор мекунад. 13 сол мудири дафтари радио дар Душанбе буд. Муаллифи “Гапи Озод”, баҳс доир ба мавзӯи доғи рӯз.

  • Акси 16x9

    Тоҳири Сафар

    Аз соли 1999 корманди Радиои Озодист. То 2001 дар дафтари Радиои Озодӣ дар Душанбе фаъолият дошт ва ҳоло дар Прага кору зиндагӣ мекунад.

​
XS
SM
MD
LG