Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар нооромиҳои Қазоқистон даҳҳо кас кушта шудаанд


Тибқи гузоришҳо, дар даргириҳои ахир дар Қазоқистон даҳҳо нафар аз нерӯҳои амниятӣ ва эътирозгарон кушта шудаанд.

Пулиси Алмато субҳи панҷшанбе эълон кард, ки як рӯз қабл "даҳҳо" эътирозгарро куштанд ва ҳудуди 2 ҳазор нафари онҳоро боздошт намуданд. Вазорати корҳои дохилии Қазоқистон ҳам рӯзи панҷшанбе эълон кард, ки дар ҷараёни даргириҳо бо эътирозгарон то кунун "18 корманди пулис ва нерӯи амниятӣ" кушта ва садҳо тани дигар маҷруҳ шудаанд.

Ба иттилои хабарнигорони бахши қазоқии Радиои Озодӣ, рӯзи панҷшанбе неруҳои амниятӣ дар шаҳри Алмато ба сӯи эътирозгарон тирандозӣ карданд. Ба гуфтаи як фаъоли сиёсӣ, аксари эътирозгарон, ки дар майдони "Ҷумҳурӣ" ҷамъ омада буданд, ҷавонони ғайримусаллаҳ буданд. Шоҳидони айнӣ низ гуфтанд, ки садои як таркиш ва тирандозиро дар наздикии ин майдон шунидаанд.

Бинобар қатъи интернет ва дигар васоили иртиботот аз сӯи ҳукумат, маълумоти дақиқ аз ҳодисаҳои рӯзи панҷшанбе дар даст нест. Бо ин вуҷуд, нашри акс ва видеоҳо аз мошинҳои сӯхта дар нуқтаҳои гуногуни шаҳр ва биноҳое, ки аз онҳо ду ба ҳаво баланд мешавад, далели даргириҳо ва нооромиҳо дар маркази шаҳри Алмааторо мебошад.

Президенти Қазоқистон "террористҳои омӯзишдида дар хориҷ"-ро масъули нооромиҳо хонд, вале ҳеҷ санаде барои исботи ин даъвои худ пешниҳод накард.

Нооромиҳои ахири Қазоқистон, ки хунинтарин ҳолат аз замони истиқлоли ин кишвар дар соли 1991 аст, рӯзи якшанбе дар ғарби ин кишвар бо эътироз ба ду баробар шудани қимати гази моеъ, оғоз шуд.

XS
SM
MD
LG