Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Амрико 1 миллион мавриди нави гирифторӣ ба COVID-19 сабт шуд


Донишгоҳи Ҷон Ҳопкинс мегӯяд, рӯзи душанбе 1 миллиону 80 ҳазору 211 мавриди нави гирифторӣ ба COVID-19 дар Амрико сабт шудааст, ки баландтарин омори рӯзонаи гирифторӣ ба ин беморӣ мебошад.

Бино ба омори Донишгоҳи Ҷон Ҳопкинс, ки рӯзи 5-уми январ эълон шуд, дар як шабонарӯз беш аз 480 ҳазор нафар дар Амрико ба бемории коронавирус гирифтор шудаанд.

Ба камияш дар як иёлат ҳолати изтирорӣ эълон шуда, дар як иёлати дигар аз пур шудани бемористонҳо ҳушдор дода шудааст.

Дар аввалҳои моҳи ноябри соли 2021 шумораи рӯзонаи гирифторон ба ин беморӣ дар Амрико ҳудуди 70 ҳазор нафар дар як руз буд. Афзоиши шумораи гирифторон ба бемории ҳамагир пас аз таътили солинавӣ эълон шудааст.

Кишварҳои дигар, ба шумули Ҷопон, Ҳинд, Австралия ва Олмон ҳамчунин аз афзоиши рӯзонаи гирифторон ба ин беморӣ хабар доданд. Бисёре аз кишварҳо шаҳрвандони худро ҳушдор додаанд, ки ба вазъияти душвор омода бошанд.

Мудири Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ дар остонаи соли нави милодӣ ҳушдор дода буд, ки омикрон, навъи нави COVID-19 ва Делта боиси паҳншавии босуръати ин беморӣ дар саросари ҷаҳон хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG