Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомоти Эрон гуфтанд, 6 роҳзанро куштанд


Cистону Балучистон, яке аз вилоятҳои фақиртарини Эрон аст.
Cистону Балучистон, яке аз вилоятҳои фақиртарини Эрон аст.

Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломии Эрон гуфт, шаш “роҳзани мусаллаҳ”-ро дар вилояти ҷанубушарқии Систону Балучистон куштаанд.

Дар баёнияи расмии сипоҳ аз рӯзи 1-уми январ омадааст, ки ҳангоми даргирӣ бо ин гуруҳи мусаллаҳ се басиҷӣ, аз ихтиёриёни шарики Сипоҳи Посдорон ба ҳалокат расидаанд ва камаш панҷ “роҳзан”-и дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Вилояти Систону Балучистон, яке аз вилоятҳои фақиртарин ва ноороми Эрон дар марзи Покистону Афғонистон ҷойгир аст ва дар он гуруҳҳои қочоқбару ифротӣ зиёданд.

XS
SM
MD
LG