Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба падару модари Рамазон Қодиров ҷоиза доданд


Рамазон Қодиров ҳангоми таҷлил аз Соли нав.
Рамазон Қодиров ҳангоми таҷлил аз Соли нав.

Падар ва модари Рамазон Қодиров, президенти Чеченистонро "муҳофизони хизматнишондодаи ҳуқуқи башар" номиданд.

Дар ин бора Нурдӣ Ҳоҷиев, ваколтадори ҳуқуқи инсони Чеченистон қарор имзо кардааст, ки бар асоси он Аҳмад Қодиров, падари Рамазон ва Аймана, модараш унвони беҳтарин ҳомии ҳуқуқи инсонро гирифтаанд.

Падари Қодиров солҳо пеш дар таркиши як варзишгоҳ кушта шуд, вале модараш зинда аст.

Дар як чорабинӣ дар Чеченистон саҳми хонаводаи Қодировро дар ҳимояи ҳуқуқи инсон ва мустаҳкам кардани давлатдорӣ муҳим хонданд.

Пештар аз ин ба Оиша Қодирова, духтари Рамазон Қодиров, ки вазири фарҳанги Чеченистон аст, чунин ҷоиза дода буданд.

Ҳомиёни ҳуқуқ Қодиров ва хонаводаи ӯро борҳо барои нақзи ҳуқуқи инсон дар Чеченистон танқид кардаанд. Дар чанд соли ахир даҳҳо ҳамҷинсгаро дар Чеченистон шиканҷа ва қатл шудаанд. Қодиров ва атрофиёнаш дар феҳрасти таҳрими ИМА қарор доранд.

XS
SM
MD
LG