Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон мушаки нав партоб кард, Амрико нигарон аст


Амрико рӯзи панҷшанбе аз партоби мушаки нав аз тарафи Эрон ибрози нигаронӣ кард.

Мақомоти Иёлоти Муттаҳида гуфтанд, дар чунин фаъолиятҳо аз техникае истифода мешавад, ки ба рушди барномаи мушакҳои баллистикии ин кишвар бештар ёрӣ мекунад.

Пас аз он ки Эрон гуфт, як мушаки дорои се моҳвораро ба фазо партоб кард, як сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Вашингтон аз инкишофи абзорҳои партобии Эрон нигарон аст.

Ин сухангӯи Департаменти давлатии Амрико афзуд, партоби мушак аз сӯи Эрон қатъномаи 2231-и Шӯрои амнияти Созмони Милалро вайрон мекунад. Ин қатънома ба пуштибонӣ аз тавофуқномаи атомӣ ё ҳастаии соли 2015 содир шудааст.

Қатънома аз Эрон мехоҳад, аз инкишофи мушакҳои баллистикӣ, ки қобилияти интиқоли кӯлоҳакҳои ҳастаиро дошта бошанд, худдорӣ варзад.

Вазорати мудофиаи Эрон рӯзи 30-юми декабр хабар дод, ки мушаки “Симурғ” бо маҳмулаи худ ба баландии 470 километр расид.

XS
SM
MD
LG